Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 January 2012

12 январи соли 2012  дар КВД «Маркази равобити пойтахт»  бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Қурбонова ва фаъолони пойтахт, намояндагони институтҳои шаҳрвандӣ ва сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2011 баргузор гардид.

Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар доираи барномаҳои тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ баҳри муваффақ гардидан ба инкишофи устувори соҳаҳои мухталифи хоҷагии шаҳр, инфраструктураи он, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ равона намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, ки мақсад аз он барои ба ҳар як сокини шаҳр фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба шумор меравад, тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷроиши  нишондиҳандаҳои асосии нақшавиро аз лиҳози оморӣ ба таври зайл таъмин намуд:

нишондиҳандаҳо

Дар ҷараёни ҷаласа зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомдодаи сохторҳои шаҳрдорӣ  ва аҳли ҷамоатчигӣ дар соли 2011 Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳамагон изҳори таҳсин намуда, афзуд, ки нишондодҳои дастёбгашта бо вуҷуди назаррас буданашон ҳанӯз ҳам ба талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгӯ нест ва дар ҳама самтҳо бояд бо тарҳрезии барномаҳои нав ва сафарбарсозии потенсиали мавҷуда дар соли 2012 касби нишододҳои нав барои баровардагии ниёзҳои сокинони шаҳр, ки аз мароми ягонаи шаҳрдорӣ маҳсуб меёбанд, бештар комёб гардад.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷумла зикр намуд, ки ба ҳамаи дастгириҳо нигоҳ накарда, дар фаъолияти сохторҳои марбутаи ноҳияҳои шаҳр, ки масъулияти хизматрасониҳои коммуналӣ сад дар сад ба онҳо вогузошта шудааст, то ба ҳол камбудиҳои ҷойдошта бо пуррагӣ бартараф нагаштаанд ва сатҳи хизматрасонӣ беҳбудии куллиро тақозо менамояд.

Бо ин мақсад баҳри татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1174 аз 5 ноябри соли 2003 “Дар бораи Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қарори Раиси шаҳри Душанбе №78 аз 7 феврали соли 2011 “Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оиди ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” ҷиҳати  баланд бардоштани масъулияти роҳбарони субъектҳои хизматрасон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз 1 феврали соли 2012 дар шаҳр нахустин лоиҳаи  нави инноватсионии “Мо метавонем”, ки бобати тақвияти кор бо муроҷиати шаҳрвандон дар асоси технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тарҳрезигардида, бақайдгирӣ ва назорати электронии бартарафсозии саривақтии садамаҳо дар шабакаҳои муҳандисӣ ва кулли дигар хизматрасониҳои коммуналию беҳдошти ҳолати санитарӣ, нақлиёт ва фарҳанги шаҳрнишиниро дар реҷаи мустақим (“On-Lain”) таъмин месозад, ба фаъолият шурӯъ менамояд.

            Баҳри бархурдории фаъолони пойтахт дар ҷаласа лоиҳаи мазкур муаррифӣ карда шуда, ҷиҳати татбиқи мақсадноки он дастуру супоришоти мушаххасро ироа намуд.

Ҳамзамон афзуд, ки боиси нигаронист, ки хароҷоти технологӣ (талафот) дар ин давра 462,4 млн. кВт соатро (17,8%) ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2010-ум 55,6 млн. кВт.соат зиёд мебошад, зеро то ба ҳол ҳолатҳои вайронкуниҳои қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ ҷой доранд ва вазъи воқеъӣ беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.

Маблағи умумии ҳисобишудаи истифодаи қувваи барқ бошад дар ин давра 237,5 млн. сомонӣ, ҷамъоварии  маблағ бошад 196,7 млн. сомонӣ ва ё нисбат ба нақша 82,8% -ро ташкил дода, аз тарафи аҳолӣ  ба  маблағи 125,3 млн. сомонӣ қувваи барқ истифода гардида, 94,2 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ба 75,2%  нақша баробар мебошад.

Барои ислоҳи вазъ бо супоришҳои мушаххас ба ҶСК директори «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» С. Атоев бо эълони охирин ҷазо то 1 майи соли 2012 мӯҳлат муқаррар намуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа таваҷҷӯҳи асосиро ба ҳолати заминистифодабарӣ дар шаҳр нигаронида, бобати пешгирии минбаъдаи қонунвайронкуниҳои шаҳрвандон дар ин самт, дар асоси гузориши прокурори  шаҳр бо эълони охирин ҷазо ба раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе Б. Абдуалимов, директори Корхонаи давлатии фаръии “Танзими замин” дар шаҳри Душанбе А.Мирзохоҷаев  ва сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Қ. Файзуллоев ва сардори Бозрасии назорати давлатии сохтмон ва меъмории Сарраёсати мазкур С. Олимов то нимсолаи аввал мӯҳлат муқаррар намуд.

Инчунин муқаррар гардид, ки ҳар семоҳа аз ҷониби Комиссияи марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо иштироки раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо, масъулини Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморию шаҳрсозии шаҳри Душанбе ҳисоботи нозирони минтақавии милитсия оид ба вазъи заминистифодабарӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар минтақаҳои фарогири масъулияти хизматӣ шунида хоҳад шуд.

Ҳамзамон афзуд, ки дар соли 2012 бо анҷоми таҳлилҳои амиқ ва муайянсозии сарчашмаҳои молиявӣ дар асоси Қарори дахлдрри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 22 декабри соли 2011 Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе - “Шароити арзанда”, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёди хонаҳои бисёрквартирадори хизматии 1-2-3 ҳуҷрадорро барои дастгирии иҷтимоии мутахассисони ҷавону зиёиёни шаҳр пешбинӣ менамояд, роҳандозӣ шуда, идома ба он, Корхонаи воҳиди давлатии “Сохтмони манзили иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе ”-ро, ки фаъолияташ аз ҳисоби маблаѓҳои қарзии буҷети шаҳр ва саҳмгузории шаҳрвандон амалӣ гардида, тибқи лоиҳаҳои меъмории каммасрафу иҷтимоӣ бунёди манзили баландошёнаро анҷом дода, бо арзиши аслии сохтмонӣ квартираҳоро ба ашхоси зикргардида аз рӯи имкон дастрас месозад, таъсис дода мешавад.

Фазои фарҳангии шаҳрро таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ аз ибтидои соли нав нусрату таровати хоса бахшида, омодагиҳои ҳамҷонибаи аҳли ҷомеаи шаҳр ба истиқболи сазовори  20-солагии Иҷлосияи тақдирсозии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи густурда роҳандозӣ гардида, ба ифтихори 90-солагии мақоми пойтахт гирифтани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2012 то 1 октябри соли 2014 дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе «30 моҳи ободонӣ» бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 эълон карда шудааст.

Бо мақсади омодагиҳо ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ шурӯъ аз 12 январи соли 2012 маъракаи ободонии шаҳр дар таносуби кули шаҳраку маҳаллаҳо бо бартарафсозии иншооти ѓайриқонунии дар ҳудуди онҳо бунёдгардида ва ѓасбу иҳотаи худсаронаи замин,  ки ба симои шаҳр нуқс меоранд оѓоз карда шуда, ҳар рӯзҳои шанбе ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигӣ баргузор карда мешаванд.