Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 January 2012

23 январи соли 2012 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки васеи фаъолони пойтахт ва роҳбарони сохторҳои шаҳрию раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласа М. Убайдуллоев бо хулоса аз дастуру нишондодҳои  Президенти мамлакат дар ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2011 масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ ва марбут ба ҳаёти хоҷагидории шаҳрро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қабл аз ҳама масъалаи пешгирии бо роҳҳои сохтакорӣ дарёфт намудани шаҳодатномаи маълумоти миёнаи умумӣ ба ашхоси таҳсилнакарда ва берун аз мактаб бо амалҳои номатлуб даст задани хонандагонро таъкид намуда,  муовини Раиси шаҳри Душанбе С. Раҳимова ва сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Г. Бобоеваро дастур фармуд, ки дар радифи ба сифати таълим таваҷҷӯҳ зоҳир кардан, нисбати одобу тарбияи мактабиён дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои падару модарон ва мақомоти дахлдор чораҳои оммавиро муассиртар тақвият  бахшанд.

Ҳамзамон таваҷҷӯҳи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, шӯъбаҳои кор бо занон, оила ва фарҳанг, бахши кор бо ноболиғон  ва мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе барои пурзӯр намудани фаъолият дар ин самт нигаронида шуда, дастур гардид, ки баҳри рафъи нуқсонҳои ҷойдошта ва ташкили ҳамкориҳои муштарак кори Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ пурзӯр карда шавад.

Дар ин зимн баҳри тақвият бахшидан ба масъулияти роҳбарӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳу сифат дар низоми хоҷагидорӣ дастур фармуд, ки дар мӯҳлати ду ҳафта мудирони шӯбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин сардухтурони дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии  шаҳри Душанбе, ки беш аз панҷ сол ифои вазифа намудаанд  бо кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба иваз карда шаванд.

Дар назди фаъолони пойтахт дар ҷаласа  сардори РКД-и шаҳри Душанбе А. Бузмаков оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар шаҳр ва тадбирҳои роҳандозигардида баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ гузориш дод.

Бо хулоса аз гузориши мазкур Маҳмадсаид Убайдуллоев  дастур фармуд, ки фаъолияти нозирони минтақавӣ аз нигоҳи мутобиқат ва касбият бобати тақвияти  чораҳо оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва таҳкими робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Аз ҷумла зикр гардид, ки РКД-и шаҳри Душанбе ҳолати риояи регламенти шаҳри Душанберо, ки баҳри субот ва оромии сокинон то соати 23-00 (ба истиснои муассисаҳои ҳаётан муҳим) муқаррар гаштааст, аз ҷониби тамоми субъектҳои хизматрасон новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ зери назорати доимӣ қарор диҳад ва аз тарафи комиссияи ҷамъиятӣ нисбати ҷараёни ин амалкард пайваста мониторинг бурда шавад.

Дар ҷаласа инчунин масоили ғановати бозори истеъмолӣ, пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот ва андешидани тадбирҳо алайҳи фаъолияти монополистии субъектҳои хизматрасон дар шахр, роҳандозии иҷрои нақшаҳои андоз ва аз байн бурдани бақияпулиҳо дар соли ҷорӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ дар бахши саноат, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасониҳои нақлиёти мусофиркаш ва дигар масъалаҳое, ки аз барномаҳои шаҳрдорӣ дар соли 2012 бармеоянд мавриди баррасӣ ва дастурҳои Раиси шаҳри Душанбе қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, қарор гардид, ки баҳри дастгирии оилаҳои камбизоат ва категорияҳои ниёзмандони шаҳр дар доираи қарорҳои қабулнамудаи шаҳрдорӣ чораҳои мушаххас амалӣ карда шавад ва нисбати ба андозаи 200 сомонӣ муқаррар намудани иловапулии Макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба нафақаи моҳонаи  иштирокчиёни ҶБВ –и, ки феълан 150 сомонӣ дарёфт менамоянд, масъулин унвонии Раиси шаҳр пешниҳод ирсол доранд.

Баҳри тарбияи кадрҳои ҷавон аз рӯи ихтисоси меъмор-рангшинос ва меъмори ландшафт, ки феълан барои рушди меъмории шаҳри Душанбе ба ин гуна мутахассисон ниёзмандии бештар эҳсос мешавад, дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур гашт, ки аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр  бо эълони озмун интихоби 8 нафар ҷавонон барои таҳсил дар донишкадаҳои меъмории Федератсияи Россия, Украина ва кишварҳои Аврупо ба роҳ монда шавад. Дар ин росто муқаррар гардид, ки  шаҳрдорӣ омодааст роҳкирои донишҷӯёни ояндаро тӯли таҳсил  соле як маротиба пардохт намояд.