Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 January 2012

Ба таваҷҷӯҳи субъектҳои соҳибкории пойтахт расонида мешавад, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №224 аз 6 апрели соли 2010 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе», ҳамасола ба таври доимӣ озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» доир мегардад.

      Озмуни мазкур аз рӯи 18 номинатсия дар ду давр – даври аввал то 1 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва даври дуюм байни ғолибони даври якум то 1 апрели соли 2012 баргузор мегардад.

     Ғолибон бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва «Пешсафи соҳибкорони шаҳри Душанбе» бо нишони рамзӣ, кубок ва «Ифтихорнома»-и шаҳри Душанбе сарфароз мегарданд.

     Ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ дар расми таҷлили «Рӯзи пойтахт», аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе қадргардонӣ мешаванд.

     Аз соҳибкорони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки маводҳои заруриро барои иштирок аз комиссияҳои тадорукотии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе дастрас намуда, дар озмун фаъолона иштирок намоянд.