Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 January 2012

Бо мақсади бунёди боғ дар ҳамшафати иншооти «Наврӯзгоҳи пойтахт» баҳри таъмини фароғату истироҳати сокинон ва меҳмонони шаҳр ва дар ҳамин замина истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли 2012, барои дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳаи ангории сохтмони иншооти «Боғи Наврӯзгоҳ» дар асоси Низомномаи тасдиқгардида байни шахсони воқеиву ҳуқуқии ватанӣ аз 23 январ то 23 феврали соли 2012 озмуни кушод доир мегардад.

Довталабон дархостҳои худро барои иштирок дар озмун аз 23 январ  то 23 феврали соли 2012 ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе бо қайди «Барои озмун» ба суроғаи: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қаробоев 24, (почтаи электронӣ: zokirk@yandex.ru) пешниҳод менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 221-14-45, 233-81-74.

 

НИЗОМНОМАИ

озмун баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳаи ангории сохтмони

 иншооти «Боғи Наврӯзгоҳ»

 

1.Мақсад ва вазифаҳои озмун:

Дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳаи ангории бунёди иншооти «Боғи Наврӯзгоҳ».

 

                                   2.Шакли озмун:

Озмун бо иштироки довталабон дар як давра гузаронида шуда, махфӣ нигоҳ доштани рӯйхати довталабон кафолат дода мешавад.

 

                                       3.Мӯҳлати дархостҳо:

Довталабон дархостҳои худро барои иштирок дар озмун аз 23 январ  то 23 феврали соли 2012 ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе бо қайди «Барои озмун» ба суроғаи: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қаробоев 24, (почтаи электронӣ: zokirk@yandex.ru пешниҳод менамоянд.

Дархостҳои пешниҳодшуда дар китоби алоҳида бо санаи дохил шудани он ба қайд гирифта мешаванд.

Дархостҳое, ки баъди санаи мазкур пешниҳод мешаванд, мавриди қабул ва баррасӣ қарор намегиранд.

 

4.Номгӯи ҳуҷҷатҳои ба довталабон пешниҳодшаванда:

а) нусхаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар  бораи  баргузории озмун ва шартҳои он;

б) шартҳои техникӣ;

в) навори топографии маҳал;

г) маълумот оиди масоҳати қитъаи замини ҷудогардида.

 

5.Талаботҳо нисбати лоиҳаи ангорӣ:

       -бунёди сохтмони иншооти «Боғи Наврӯзгоҳ»;

-дорои дарахтони наврӯзпаём ва нодири ороишию сояафкан;

-гулгашту фаввораҳо;

-шаршараи баландиаш 16-метра;

-чойхонаву тарабхона;

-қаҳвахона;

-ду адад пойгоҳи обкашӣ (насосная станция) бо хатҳои обёрӣ;

-хатҳои равшандиҳии беруна;

-ҳоҷатхонаҳои зеризаминӣ;

-таваққуфгоҳ.

 

     

      6.Номгӯи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби довталабон пешниҳодшаванда:

Довталабон ба комиссияи озмунӣ мактуби ёддоштӣ дар ҳаҷми на кам аз 2 саҳифаи чопӣ ирсол намуда, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба он замима намоянд:

 

1. Иқтибос аз Феҳрасти ягонаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ (ЕГРЮЛ);

2. Иҷозатнома (Литсензия) барои фаъолияти лоиҳакашӣ;

3. Маълумот оиди корҳои қиёсии иҷронамудаи довталаб бо тавсияҳои (отзыв) Фармоишгар;

4. Лоиҳаи Шартнома оиди таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳаи ангории иншоот;

5.Лоиҳаи супориши техникии Фармоишгар барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳаи ангории иншоот;

          6. Лоиҳаи рангаи ангории иншооти бунёдшаванда дар ҳаҷми на кам аз 50х30см ба миқдори 2 дона;

          Ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд дар дохили лифофа, ки дар тарафи чапи   он номи рамзӣ (девиз) иборат аз 5 ҳарф ё 5 рақам (баландии  навиштаҷот 20мм-ро ташкил диҳад) сабт шудааст, мавҷуд бошанд.

Дар мавриди таҳияи ҳуҷҷатҳои озмун аз графикаи компютерӣ истифода бурдан мумкин аст.

 

7.Тартиби баррасии дархостҳо ва ҷамъбасти озмун:

1. Дархостҳоро Комиссияи озмунӣ дар ҷаласаи худ на дертар аз 24 январи соли 2012 баррасӣ менамояд.

2. Муҳокима ва таҳлили дархостҳо таври озод сурат гирифта, довталабе ғолиби озмун эътироф мегардад, ки ба талаботҳои озмун пурра ҷавобгӯй бошад.

3. Комиссия ғолиби озмунро дар асоси овоздиҳии кушод муайян менамояд. Дар сурати баробар будани овозҳо, овози раискунандаи ҷаласа ҳалкунанда мебошад.

4. Раванди ҷаласа ва Қарори комиссия дар протокол сабт   мегардад ва фавран барои қабули қарори дахлдор ба роҳбари ташкилоти харидор - Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

5. Баъди аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидан ба ғолиби озмун дар давоми 3 рӯз тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда огоҳнома ҷиҳати ба имзо расонидани шартномаи дахлдор ирсол мегардад.