Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 January 2012

Дар робита ба тақвияти тадбирҳо дар системаи роҳбарӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳу сифат ва беҳбудбахшии раванди таълиму тарбия ва хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ дар системаи маориф ва тандурустии шаҳри Душанбе роҷеъ ба муқаррароти шаҳрдорӣ бобати дар мӯҳлати ду ҳафта нисбати мудирони шӯбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин сардухтурони дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии  шаҳри Душанбе, ки беш аз панҷ сол ифои вазифа намудаанд андешидани чораҳои ташкилӣ, комиссияҳои салоҳиятноки марбута дар таносуби раёсатҳои зикргардида имрӯзҳо ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Бояд тазаккур дод, ки ин тасмим пеш аз ҳама бо мақсади қадргардонии мутахассисони лаёқатманд, ба зинаҳои баланди хизматӣ ба ҷои нафарони ба синни нафақарасида пешниҳод намудани онҳо, инчунин баҳри роҳандозии ротатсия дар байни роҳбарони муассисаҳои системаи маориф ва тандурстии шаҳри Душанбе ва канораҷӯӣ аз масъулони камтаҷрибаву монеашавандаи рушди соҳа нигаронида шудааст.

Дар робита ба ин ба Комиссияҳои мазкур тавсия гардидааст, ки зимни баррасии масъалаҳо қобилияти ташкилотчигӣ, донишҳои методӣ ва таҷрибаи омӯзгории директоронро ба инобат гирифта, нисбати нафарони дар фаъолияташон камбудидошта ва ба синни нафақа расида, бо пешниҳоди ҷойҳои корӣ аз рӯи ихтисос чораҳои ташкилӣ андешида,  ба ҷои онҳо кадрҳои ҷавону соҳибтаҷрибаро баҳри татбиқи потенсиали созандаашон пешниҳод намоянд. Ҳамин гуна меъёрҳо нисбати сардухтурони дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии  шаҳри Душанбе татбиқ карда мешаванд.

Итминон аст, фаъолияти комиссияҳо, ки баҳри таъмини шаффофият аз ҷониби  комиссияҳои ҷамъиятӣ назорат бурда мешавад дар роҳандозии ислоҳоти кадрии соҳаҳо нақши муассир хоҳад гузошт.