Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 January 2012

Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №22 аз 20 январи соли 2012
                   
Дар бораи додани қитъаи замин ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Строй-Комплекс» барои сохтмони Бозори замонавӣ дар маҳаллаи Зарафшон  
     
Муроҷиати Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Строй-Комплекс» № 40-605 аз 13 октябри соли 2011 оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони Бозори замонавӣ дар маҳаллаи Зарафшон, санади ҷудо намудани қитъаи замин № 117 аз 19 октябри соли 2011 (минтақаи сеюми шаҳр), ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти мазкур, ки тибқи  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №246 аз 13 апрели соли 2010 «Дар бораи додани иҷозат ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Строй-Комплекс» барои лоиҳакашии Бозори замонавӣ дар маҳаллаи Зарафшон» таҳия гаштааст, баррасӣ намуда, бо инобати иқтибос аз Протоколи комиссия оид ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин №7 аз 31 октябри соли 2011 ва хулосаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе №17/7-2185 аз 1 декабри соли 2011 оид ба андозаи зарурии қитъаи замини ҷудошаванда ва бо дарназардошти хулосаи Экспертизаи давлатии ғайриидоравӣ оид ба лоиҳаҳои сохтмони Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №ЭД-85 355/11/7138 аз 8 сентябри соли 2011  мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 30 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ», Қоидаҳои ҷудо  кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №342 аз 1 сентябри соли 2005 тасдиқ гардидааст, Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №273 аз 8 июни соли 2004 «Дар бораи чораҳои ҳатмии риоя ва иҷрои қонунгузории амалкунанда оид ба замин, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қаламрави пойтахт», №86 аз 25 феврали  соли 2008 ва 214-4 аз 5 майи соли 2011 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №273 аз 8 июни соли 2004 «Дар бораи чораҳои ҳатмии риоя ва иҷрои қонунгузории амалкунанда оид ба замин, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қаламрави пойтахт»
                                     
                                                                                                   ҚАРОР    МЕКУНАМ:
    1.Ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Строй-Комплекс», бо тасдиқи санади замимагардидаи ҷудо намудани қитъаи замин № 117 аз 19 октябри соли 2011 барои сохтмони Бозори замонавӣ қитъаи замини масоҳаташ 1.50 (яку аз сад панҷоҳ) гектар, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон,  дода шавад.
2. Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Строй-Комплекс»:
    - ба корҳои сохтмонӣ пас аз дастрас намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, иҷозатномаи Бозрасии назорати давлатии меъморӣ-сохтмонии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе шурӯъ намояд;
-баъди ба итмом расонидани сохтмони иншооти мазкур онро барои қабул ва мавриди истифодабарӣ қарор додан ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод созад;
-  қитъаи замини ҷудошударо мақсаднок истифода барад.
          3.Раёсати андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри  Душанбе ҳисобкунӣ  ва  ситонидани  андози  заминро мутобиқ ба талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад.
    4.Муқаррар карда шавад, ки дар сурати аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Строй-Комплекс» дар давоми 3 (се) сол шурӯъ накардан ба сохтмон, ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин қатъ мегардад.
    5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Таваров Р.Ҳ.  гузошта шавад.

                                                                                                                                                           М.УБАЙДУЛЛОЕВ