Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 January 2012

         Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи сардори Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе аз 24 январи то 24 феврали соли 2012 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 29 феврали соли 2012 эълон менамояд.
      Довталабон барои ишғоли вазифаи сардори Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои  зеринро:

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи     
  4X6 );
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;
- нусхаи шиноснома;

ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.
         Ба довталабоне, ки то соли 1992 Донишгоҳи техникии ҷумҳуриро хатм намудаанд ва дар хориҷи кишвар дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда дар соҳаи роҳсозӣ дошта бошанд,  афзалият дода мешавад.
Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то  24  феврали  соли 2012.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо  телефони  221-62-56  муроҷиат  намоянд.

 ҚАРОРИ РАИСИ ШАХРИ ДУШАНБЕ №26 аз  23 январи соли  2012