Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 Февраль 2012

«Мо метавонем!» -лоиҳаи муштараки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет” бори аввал дар таҷрибаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар кишвар  аз 1 феврали соли 2012 дар реҷаи мустақим (“On-Line”)  24 соат тавассути сомонаи www.mometavonem.tj ба фаъолият шурӯъ кард ва тӯли фаъолияти худ давоми ҳафтаи дуюм аз маҳбубияти сокинони шаҳр бархурдор гардид. 

Лоиҳаи мазкур бо ибтикори бевоситаи роҳбарияти шаҳри Душанбе баҳри татбиқи муттасили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1174 аз 5 ноябри соли 2003 “Дар бораи Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №78 аз 7 феврали соли 2011 “Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти роҳбарони субъектҳои хизматрасон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки бобати тақвияти кор бо муроҷиати шаҳрвандон дар асоси технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тарҳрезӣ гардида, бақайдгирӣ ва назорати электронии бартарафсозии саривақтии садамаҳо дар шабакаҳои муҳандисӣ ва кулли дигар хизматрасониҳои коммуналию беҳдошти ҳолати санитарӣ, нақлиёт ва фарҳанги шаҳрнишинӣ дар реҷаи мустақим дастёбӣ ба риояи «Маромномаи сокини пойтахт», Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва рушди институтсионалии ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст, дар пойтахт амалӣ карда шуд.

Агар дар гузашта сокинони шаҳр  барои ҳалли мушкилоташон оид ба дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ  тавассути телефонҳои боварии навбатдории шабонарӯзии доимоамалкунандаи шаҳрдорӣ ниёзҳояшон бароварда мешуд, феълан илова бар он тариқи сомонаи мазкур бо фиристодани паёмакҳо ба рақами телефонии 988933333, почтаи электронии admin@mometavonem.tj, ё воридшавии бевосита ба сомонаи www.mometavonem.tj  муроҷиатҳояшонро ирсол намуда, ҳолати иҷроиши онҳоро аз ҷониби субъектҳои хизматрасон назорат ва  дар харитаи электронии шаҳр дар сомона аз вазъи ҷойдоштаи хизматрсониҳо нисбати рафъи садамаҳо  мустақиман мушоҳида баранд.

Дар сомона аз рӯи категорияҳои зерин, ки боз ҳар кадоми онҳо  дар миқёси ноҳияҳо тақсим мешаванд, муроҷиатҳо қабул карда мешаванд:

      Таъмини об

       Қатъ гардидани интиқоли об

       Садама дар қубурҳои обтаъминкунӣ

       Садама дар қубурҳои корезӣ

      Таъмини гармӣ

       Қатъ гардидани интиқоли гармӣ

       Садама дар қубурҳои гармитаъминкунӣ

      Таъмини газ

       Қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ

       Садама дар системаи газтаъминкунӣ

      Таъмини барқ

       Қатъ гардидани интиқоли барқ

       Равшании кӯчаву хиёбонҳои шаҳр

       Садама дар хатҳо ва трансформаторҳои барқӣ

      Ҳолати санитарию тозагии шаҳр

       Тозагии кӯчаву роҳравҳо

       Ҳолати ҷуйбору каналҳо

       Ҳолати партовгоҳҳо

       Ҳолати таҳхонаҳо

       Ҳайвонҳои дайду

      Ҳолати роҳҳо

      Буридани дарахтҳо

      Сифати кори нақлиёти мусофирбар

 Бояд тазаккур дод, ки зимни қабули муроҷиатҳо масъалаҳои марбут ба масъулияти шахсии соҳибмулкон, аз қабили корношоямии хатҳои муҳандисии дохили биноҳо, ки салоҳияти бевоситаи онҳо мебошад  ба инобат гирифта намешаванд.  Гузашта аз ин хотиррасон бояд кард, ки  сомонаи мазкур масъулияти қабули зангҳои ҳолатҳои фавқулоддаи 01,02,03,04-ро ба зимма надорад.