Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 Февраль 2012

13 феврали соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии ҳалқаи якуми шаҳр:  кӯчаи С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа масъулини сохторҳои шаҳрдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони комиссияҳои марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, директорони Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии дар ҳудуди шаҳр фаъолиятдошта ва соҳибмулкону роҳбарони субъектҳои хоҷагидории иншооташон дар ин маврид тибқи Нақшаи генералии шаҳр барои азнавсозӣ пешбинигардида аз ноҳияҳои Шоҳмансур ва И. Сомонӣ ширкат варзиданд.

Зимни баррасии масъала, ки тӯли беш аз як сол корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби сохторҳои масъули шаҳрдорӣ бо соҳибмулкони иншоот анҷом дода шудааст, Маҳмадсаид Убайдуллоев моҳият ва зарурати тарҳрезии амали мазкурро ба соҳибмулкон талқин намуда, афзуд, ки зимни роҳандозии ин тадбир набояд ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол ва манфиатҳои онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ҳатман  риоя ва ҳифз карда шаванд.

Пеш аз ҳама таъкид намуд, ки дар марҳилаи феълӣ соҳибмулкон имкон доранд аз ҳисоби маблаѓҳои худӣ ё ҷалби сармоягузорони интихобкардаашон бунёди иншооти тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар минтақаҳои мавриди таваҷҷӯҳ беш аз нӯҳ ошёна пешбинигардидаро дар асоси лоиҳаҳои бо шаҳрдорӣ ба мувофиқарасида амалӣ созанд.

Дар сурати надоштани имкониятҳои молиявӣ онҳо ҳуқуқ доранд, ки бар ивази иншооташон арзиши бозории онро мутобиқ ба муқаррароти қонунгузории амалкунанда аз ҳисоби фармоишгар, ё худ дар асоси шартномаи тарафайн миёни фармоишгар  ва соҳибмулк  аз ҳисоби иншооти бунёдшаванда минбаъд иншоот ё квартираи бартарафгардидаашонро баробар ба масоҳати мавҷуда дастрас намоянд.

Бо назардошти пешниҳодоти мазкур дар ҷаласа муқаррар гардид, ки оид ба интихоби тасмими минбаъда соҳибмулкон имкон доранд дар мӯҳлати як ҳафта масъаларо амиқ баррасӣ намуда, аз  вариантҳои озодона интихобкардаи худ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъули шаҳрдорӣ маълумот ирсол доранд.

Ҳамзамон дар ҷаласа Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо тамоми роҳбарони Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии дар ҳудуди шаҳр фаъолиятдошта бо авлавият додан ба интихоби соҳибмулкон нисбати ҷойгиронии марказҳои хизматрасонии муосир дар ошёнаҳои якум ва дуюм лоиҳаҳои ангории иншоотро тарҳрезӣ намуда, барои мувофиқа унвонии шаҳрдорӣ дар мӯҳлати як ҳафта пешниҳод намоянд.

Дар ин равобит Маҳмадсаид Убайдуллоев бо шарҳи дурнамои амалисозии Нақшаи генералии шаҳр дар минтақаи мазкур афзуд, ки азнавсозии  иншооти зикргардида на дертар аз моҳи сентябри соли 2013 бояд бо риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шавад.

Дар ҷаласа инчунин дигар масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр мавриди таваҷҷӯҳи шаҳрдор қарор гирифта, оид ба пешбурди онҳо  ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардид. Зимнан, ба сардори РКД-и шаҳри Душанбе А. Бузмаков таъкид гашт, ки нисбати риояи регламенти шаҳр оид ба хизматрасонӣ аз ҷониби дилхоҳ субъектҳои хоҷагидор, ки ба истиснои муассисаҳои ҳаётан муҳим то соати 23-00 муқаррар гардидааст, баҳри таъмини оромию осудагии сокинон ва тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.