Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 Февраль 2012

20 феврали соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи навбатии васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии ҳалқаи якуми шаҳр:  кўчаи С.Айнӣ ва хиёбони Рўдакӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа масъулини сохторҳои шаҳрдорӣ, директорони Пажўҳишгоҳҳои лоиҳакашии ҶСШК «Саноатсоз», «САНИОСП», «Шаҳрофар», «Сельтехпроект», КВД «Душанбешаҳрсоз», КВД «Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ»,  ҶДММ «Архиком», «Интерпроект», «АРК-СИНОН», «Архстрой», «Ориён-АРХ», «Проектинвест», ки дар ҳудуди шаҳр фаъолият доранд ва кулли соҳибмулкону роҳбарони субъектҳои хоҷагидории иншооташон дар ин маврид тибқи Нақшаи генералии шаҳр барои азнавсозӣ пешбинигардида аз ноҳияҳои Шоҳмансур ва И. Сомонӣ ширкат варзиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати корҳои анҷомгирифтаи фаҳмондадиҳӣ бо соҳибмулкон, ки тўли ҳафтаи гузашта тибқи дастури шаҳрдорӣ аз тарафи сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҷараён дошт, изҳори қаноатмандӣ намуда, бори дигар бо кулли соҳибмулкон  бобати моҳият ва зарурати тарҳрезии амали мазкур сўҳбат карда, афзуд, ки зимни роҳандозии ин тадбир ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол нахоҳанд гашт ва манфиатҳои онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ҳатман  риоя ва ҳифз карда мешаванд.

Дар тақвияти андешаҳои худ таъкид намуд, ки соҳибмулкон имкон доранд аз ҳисоби маблаѓҳои худӣ ё ҷалби сармоягузорони интихобкардаашон бунёди иншооти тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар минтақаҳои мавриди таваҷҷўҳ беш аз нўҳ ошёна пешбинигардидаро дар асоси лоиҳаҳои бо шаҳрдорӣ ба мувофиқарасида амалӣ созанд.

Дар сурати надоштани имкониятҳои молиявӣ, ё худ дар заминаи иншооти мавҷудаашон бо бартарафсозии онҳо пешбинӣ гардидани мавзеъҳои кабудизоркунию ободонӣ ҳар кадоме ҳуқуқ доранд, ки бар ивази иншооташон арзиши бозории онро мутобиқ ба муқаррароти қонунгузории амалкунанда аз ҳисоби фармоишгар ҷуброн гиранд, ё дар асоси шартномаи тарафайн миёни фармоишгар ва соҳибмулк аз ҳисоби иншооти бунёдшаванда минбаъд иншоот ё квартираи бартарафгардидаашонро баробар ба масоҳати мавҷуда дастрас намоянд.

Зимнан, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳамроҳии соҳибмулкон лоиҳаҳои иншооти таҷдидшавандаро аз назар гузаронида, ба масъулини шаҳрдорӣ ва роҳбарони субъектҳои лоиҳакашӣ дастур фармуд, ки бо инобати таклифҳои соҳибмулкон лоиҳаҳои  тибқи Нақшаи генералии шаҳр дар минтақаи мазкур бунёдшавандаро дар Шўрои шаҳрсозӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои тасдиқ унвонии Раиси шаҳр пешниҳод намоянд, ки то  азнавсозии  иншооти зикргардида на дертар аз моҳи сентябри соли 2013 бо риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шавад.