Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 February 2012

Татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии ҳалқаи якуми шаҳр: кӯчаи С. Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ  оғоз мегардад.

Зимни роҳандозии ин тадбир аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол нахоҳанд гашт ва манфиатҳои онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ҳатман  риоя ва ҳифз карда мешаванд

Соҳибмулкон имкон доранд аз ҳисоби маблағҳои худӣ ё ҷалби сармоягузорони интихобкардаашон бунёди иншооти тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар минтақаҳои мавриди таваҷҷӯҳ беш аз нӯҳ ошёна пешбинигардидаро дар асоси лоиҳаҳои бо шаҳрдорӣ ба мувофиқарасида амалӣ созанд.

Дар сурати надоштани имкониятҳои молиявӣ, ё худ дар заминаи иншооти мавҷудаашон бо бартарафсозии онҳо пешбинӣ гардидани мавзеъҳои кабудизоркунию ободонӣ ҳар кадоме ҳуқуқ доранд, ки бар ивази иншооташон арзиши бозории онро мутобиқ ба муқаррароти қонунгузории амалкунанда аз ҳисоби фармоишгар ҷуброн гиранд, ё дар асоси шартномаи тарафайн миёни фармоишгар ва соҳибмулк аз ҳисоби иншооти бунёдшаванда минбаъд иншоот ё квартираи бартарафгардидаашонро баробар ба масоҳати мавҷуда дастрас намоянд.

Дар сурати надоштани имкониятҳои молиявӣ онҳо ҳуқуқ доранд, ки бар ивази иншооташон арзиши бозории онро мутобиқ ба муқаррароти қонунгузории амалкунанда аз ҳисоби фармоишгар, ё худ дар асоси шартномаи тарафайн миёни фармоишгар  ва соҳибмулк  аз ҳисоби иншооти бунёдшаванда минбаъд иншоот ё квартираи бартарафгардидаашонро баробар ба масоҳати мавҷуда дастрас намоянд.

Дар робита ба масъалаи мазкур Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини шаффофияти фаъолият ва бархурдории аҳли ҷамоатчигии шаҳр нисбати амалисозии лоиҳаи мазкур рӯйхати иншооти бартарафшаванда  ва дар заминаи онҳо қоматафрозандаро нашр менамояд.

 

Руйхати иншоотҳои дар навбати аввал бартарафшавандаи 1 - 3 ошёна дар ноҳияи Шоҳмансур

 

Руйхати иншоотҳои дар навбати аввал бартарафшавандаи 1 - 3 ошёна дар ноҳияи И. Сомонӣ