Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 February 2012

 

Омодагиҳои шаҳрдорӣ ба тарҳрезию амалисозии нақшаҳо оид ба истиқболи сазовори Наврўзи байналмилалии -2012 вусъати тоза касб мекунанд. Дар робита ба ин дар радифи чорабиниҳои фарҳангии театрикунонидашуда баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баҳри таблиғи оммавияти варзиш ва ҷалби сокинон ба пешбурди тарзи ҳаёти солим ба нақша гирифта шудааст.
Яке аз ин чорабиниҳои варзишии шаҳрдорӣ – Пойгаи равон маҳсуб меёбад, ки он 27 марти соли 2012 дар КВД «Наврўзгоҳи пойтахт» дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо меъёрҳову иштироки доварони сатҳи байналмилалӣ бори нахуст дар таҷрибаи ин намуди варзиш доир карда мешавад. Бо ин мақсад бо даъвати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе феълан баҳри тарҳрезии корҳои омодагӣ менеҷери байналмилалӣ оид ба ташкили пойгаи равон аз Аморати Муттаҳидаи Араб хонум Елена Михай ташриф овардааст, ки 24 феврали соли ҷорӣ Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев мавсуфро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили дар ояндаи наздик, нимаи дуюми соли 2012 бо мутобиқсозии КВД «Наврўзгоҳи пойтахт» ба меъёрҳои баргузории пойгаи равони байналмилалӣ ташкил намудани ин намуди варзишро дар шаҳри Душанбе матраҳ намуда, дар навбати аввал дар чорабинии 27 март ба нақшагирифташуда даъват ва иштироки доварону нозирони байналмилалииро баррасӣ карданд.