Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 February 2012

Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 89  аз  23 феврали  соли 2012

 Дар бораи эьлон намудани озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳаи ангории иншооти «Азнавсозии фаввораҳои шаҳри Душанбе»

 

Бо мақсади азнавсозии фаввораҳои шаҳри Душанбе баҳри фароҳам сохтани шароити мусоиди маданию маьрифатӣ бо истифода аз насбу васли технологияҳои нави замонавӣ, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 17 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

 1.   Баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳаи ангории азнавсозии фаввораҳои назди ҳайкали С.Айнӣ ва театри «Опера ва балет»-и ба номи С.Айнӣ байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ аз 27 феврал то 27 марти соли 2012 озмуни кушод эълон карда шавад.

2.   Ҷиҳати дарёфти беҳтарин лоиҳаи ангории фаввораҳои зикргардида комиссияи озмунӣ дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, эълони шартҳои озмунро тибқи Низомномаи гузаронидани озмун баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳаи ангории иншоотҳои мазкур тавассути васоити ахбори омма, аз ҷумла, сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба табъ расонад ва ҷамъбасти озмунро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 30 марти соли 2012 таъмин намояд.

3.   Раёсати сохтмони асосии  шаҳри Душанбе (Анваров С.С.) ҳамчун фармоишгари иншооти мазкур ваколатдор карда шавад, ки баъд аз ҷамъбасти озмуни кушод тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бо ғолибони озмун шартнома ба имзо расонида, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии иншоотҳои зикргардидаро таҳия ва хулосаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намояд.

4.   Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз рўи натиҷаи озмун дар бораи манбаи маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии иншоотҳои мазкур ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

5.   Шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

6.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

            М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Ҳайати

комиссияи озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳаи ангории сохтмони иншооти «Фаввораҳои шаҳри Душанбе»

 

 

Шартҳои

озмуни кушод барои дарёфту интихоби беҳтарин лоиҳаи ангории «Азнавсозии фаввораҳои шаҳри Душанбе»