Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 February 2012

ҚА Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 96 аз 25 феврали соли  2012

 

Дар бораи эълон намудани озмуни кушод ҷиҳати интихоби сармоягузорон байни шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба бунёди маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якӯму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии дуқабата дар хиёбони  Рудакӣ

       Бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва таъмини рақобати солиму  шаффоф дар бунёди иншоотҳои биноҳои  истиқоматии баландошёна бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якӯму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии дуқабата бо ҷойгир намудани инфраструктураи замонавӣ дар доираи нақшаи муфассали тарҳрезии маҳал, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахт», моддаи 17 ва 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ», моддаҳои 40.1 ва 41 прим 3 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 3 ва 263 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои 12 ва 15 Қоидаҳои ҷудо намудани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005 таҳти № 342 «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» тасдиқ шудааст

 

                                      ҚАРОР МЕКУНАМ

1.                Бо мақсади интихоб намудани сармоягузорони бунёди маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна дар қитъаҳои замини биноҳои истиқоматии камошёна, воқеъ дар хиёбони Рудакӣ №№ 124, 126, 128, 130, 130а  ва кӯчаи Говорова,4 бо масоҳати умумиашон 0,72 (сифр аз сад ҳафтоду ду) га, стансияи телефонии (АТС) №24, воқеъ дар хиёбони Рудакӣ №145/1, мағоза, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ №145/2, ошхона, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ №149, хонаҳои истиқоматии шахсӣ воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ       №№ 145/2-1, 145/ 2-2, 145/2-3, 145/2-4 , кӯчаи Фирӯз аз № 1то № 11, №№ 13, 15,17а, 19, аз № 21 то №28 ва гузаргоҳи 1 кӯчаи Фирӯз аз № 1 то №10 бо масоҳати  умумиашон 1,60 (яку аз сад шаст) га,  аз 27 феврали соли 2012 то 27  марти соли 2012  озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ эълон  карда шавад.

2.                Ҳайати комиссия ва шартҳои озмун мутобиқи Замимаҳои №1 ва №2 тасдиқ карда шаванд.

3. Муқаррар карда шавад, ки:

     - сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна тибқи лоиҳаҳои ангоравии аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ростовгипрошахт»-и Федератсияи Россия мутобиқи замимаи №3, ки бо қарори Шӯрои шаҳрсозии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе №12/2 аз 19 декабри соли 2011 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад;

     - ҷуброни бартарафсозии иншоотҳои соҳибмулкони дар банди 1 ҳамин Қарор дарҷ гардида ва хароҷоти корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ аз ҷониби ғолиби эътирофгардидаи озмун (фармоишгар) тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

4.  Сардори  Раёсати сохтмони  асосии  шаҳри Душанбе  Анваров С.С. бо дарназардошти лоиҳаҳои ангоравии мувофиқагардида, ваколатдор карда шавад, ки  бо Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ростовгипрошахт»-и Федератсияи Россия шартномаи корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотиро ба имзо расонад.

5. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи электронию чопӣ таъмин намояд.

6.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Таваров Р.Ҳ. гузошта шавад.

                                                                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Шартҳои озмуни кушод

 

ҲАЙАТИ  КОМИССИЯ