Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 February 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №99 аз 28.02.2012

 

Дар бораи баргузории мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ  ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2012» дар шаҳри Душанбе

     Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу идона таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ташвиқу тарѓиб ва рушду инкишофи варзиш, баргузор намудани мусобиқаи гӯштини миллӣ дар  Варзишгоҳи марказӣ бо назардошти Протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1с/34.2-2 аз 16 феврали соли 2012 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 530 аз 21 декабри  соли 2011 «Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар мавриди баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ» мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 Қ А Р О Р    М Е К У Н А М :

1.Ба инобат гирифта шавад, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ 23 марти соли 2012 соати 1400 дар Варзишгоҳи марказӣ  гузаронида мешавад.

         2. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур  ҳамкориҳоро ба роҳ монанд.

    3. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир гаштани мусобиқа чораҳои мушаххас  андешанд.

        4. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма таъмин намояд.

        5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

 
                                                                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ