«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 February 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 98 аз  28.02.2012

Дар бораи баргузории мусобиқаи Дави Наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе

          Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу идона таҷлил  намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012, ташвиқу тарѓиби ҳҳаракати варзишӣ, рушду инкишофи он ва баргузор намудани мусобиқаи Дави Наврӯзӣ дар  шаҳри Душанбе бо назардошти Протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1с/34.2-2 аз 16 феврали соли 2012 мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М :

 1.  Дар шаҳри Душанбе Дави Наврӯзӣ мувофиқ ба хатсайри замимагардида 17 марти соли 2012 аз соати 900 то 1100 гузаронида шавад.

2.  Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузории Дави Наврӯзӣ тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

3.  Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани Дави Наврӯзӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

4.  Аз роҳбарони вазорату кумитаҳо, мақомоти давлатӣ, мактабҳои олӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолиятдошта хоҳиш карда шавад, ки барои ташвиқу ҳидоят ва таъмини иштироки кормандон, коллективҳои меҳнатӣ ва донишҷӯён дар чорабинии варзишии Дави Наврӯзӣ ва ба ин васила саҳмгирӣ дар рушди оммавияти варзишу солимгардонии ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5.  Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе тибқи талаботи бандҳои 1 ва 2 –и Қарори мазкур тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокчиёнро таъмин намуда, ҳамзамон тавассути эълони қаблӣ ҳаракати нақлиётро дар самтҳои муайянгардида аз соати 9:00 то соати 11:00 манъ намоянд. 

6.   Шӯъбаи таҳлилӣ ва  иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

                                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Нақшаи

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузории  мусобиқаи Дави Наврӯзӣ

 

ХАТСАЙРИ

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ДАВИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

17 МАРТИ СОЛИ 2012 СОАТИ 9.00