Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 February 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №94 аз 23.02. 2012

 

Дар бораи омодагӣ ба баргузории Ниммарафони III - юми  байналмилалии Душанбе ва Чемпионати Осиё аз рўи намуди варзиши таэквондо ИТФ* дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рўзи пойтахт

 

Бо мақсади таҷлили шоиста аз ҷашни Рўзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарѓиби ҳаракати байналмилалии варзиш, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ ташкил намудани Ниммарафони III – юми  байналмилалии Душанбе, инчунин бо инобати аз ҷониби Конгресси байналмилалии таэквондо барои гузаронидани Чемпионати Осиё интихоб гардидани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар ин робита  муроҷиати Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон (С.928 аз 08.12.2011) дар мавриди ба муносибати Рўзи пойтахт гузаронидани Чемпионати Осиё аз рўи намуди варзиши таэквондо ИТФ дар шаҳри Душанбе ва иҷрои банди 2 Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, №75-8 аз 22 декабри соли 2011 «Дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷрои барномаи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»


Қ А Р О Р    М Е К У Н А М:

1.     Ба муносибати Рўзи пойтахт 21 апрели соли 2012 Ниммарафони III – юми  байналмилалӣ ва Чемпионати Осиё аз рўи намуди варзиши таэквондо ИТФ дар шаҳри Душанбе  гузаронида шаванд.

2.     Барои омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои зикргардида Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи варзиши сабук,  Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута  тадбирҳои зарурӣ андешанд. 

3.    Шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе,  Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияҳои зикргардида ҷиҳати даъвати расмии иштирокчиёни чорабиниҳои мазкур ва мувофиқаю ҳамоҳангсозии масъалаҳои бамиёномада тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

4.    Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута то 10 марти соли 2012 тартиби баргузорӣ, Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо оид ба  баргузории мусобиқаҳо бо дарназардошти муайян гардидани теъдоди иштирокчиён ва давлатҳои иштироккунанда, харҷномаи баргузории чорабиниҳоро тартиб дода, барои баррасӣ ва ҷудо намудани маблаѓ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод манзур созад.

5.    Раёсати сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории мусобиқаҳои зикргардида ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

6.    Шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) барои инъикоси Қарори мазкур тавассути воситаҳои  ахбори оммаи дохилию хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешад.

7.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. ва Сафаров С.С. гузошта шавад.

                                    
М. УБАЙДУЛЛОЕВ