Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 March 2012

8 марти соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев бо назардошти мусоид омадани боду ҳаво ба корҳои ободонию кабудизоркунии шаҳр масъалаи самарнок истифодабарии рӯзҳои боқимондаро барои омодасозии шаҳр ба истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо ин мақсад зикр намуд, ки дар радифи амалисозии нақшаҳои тасдиқгардида дар ин хусус, дар сатҳи густурда бо иштироки васеи тамоми ҷамоатчигии шаҳр ва кулли ташкилоту идораҳои дар марзи пойтахт мавҷудбуда ҳар рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳашарҳои умумишаҳрӣ баргузор карда шаванд.

Дар ин равобит муқаррар сохт, ки ҳашарҳои умумишаҳрӣ рӯзҳои шанбе бо иштироки сокинон ва роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ва якшанбе бо ширкати мактабиёну донишҷӯёни кулли макотиби таҳсилоту умумию олии муқими шаҳр бо сафарбарсозии онҳо ба минтақаҳои вобасташаванда фаъолона ташкил карда шаванд.

Ҳамзамон масъалаи таъмири бар асари сардиҳои зимистон харобгардидаи роҳҳои ҳудуди шаҳрро бо сафарбарсозии маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби субъектҳои соҳибкорӣ матраҳ намуда, вусъатбахшии корҳоро бо инобати мусоидии боду ҳаво дар таносуби ҳар кадом ноҳияҳои шаҳр  таъкид сохта, афзуд, ки рафти корҳои мутазаккира зери назорати шахсии Раиси шаҳр сурат мегиранд.

Дар робита ба мақсаднок истифодашавии Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Устод Рӯдакӣ, С. Айнӣ ва Дӯстии Халқҳо ба масъулин дастур фармуд, ки зимни анҷоми корҳои ободонӣ оид ба истифодаи таъинотии онҳо ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии муштариён дар мӯҳлати як моҳ масъалаи  табдил додани ҳар кадомеро ба муассисаҳои давлатӣ ва тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар  ҷорӣ намудани истифодаи чиптаҳои пулакӣ барои воридшавӣ ба онҳоро баррасӣ ва унвонии Раиси шаҳр пешниҳод манзур созанд.

Дар ҷаласа ҳамзамон баҳри ҳаводорони чорабинии варзишии шаҳрдорӣ – Пойгаи равон, ки он 27 марти соли 2012 дар МД «Наврӯзгоҳи пойтахт» дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо меъёрҳову иштироки доварони сатҳи байналмилалӣ бори нахуст дар таҷрибаи ин намуди варзиш доир карда мешавад, афзуд, ки барои воридшавӣ ба МД «Наврӯзгоҳи пойтахт» чиптаҳо бо арзиши 5 сомонӣ роҳандозӣ мегарданд.