Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 March 2012

Ба шарафи истиқболи Наврӯзи байналмилалии 2012  тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби зайл аз 17 то 27 марти соли 2012 чорабиниҳо баргузор карда мешаванд:

·        17 март аз соати 9 00 то 11 00  Дави Наврӯзӣ.

·        20 март, соати 24 00  ба ифтихори истиқболи вуруди Наврӯзи хуҷастапай баргузории фейрверкҳои идона дар ҳаҷми 5 дақиқагӣ дар Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи Ғалаба, Боғи Пойтахт ва Боғи Дӯстии Халқҳо.

·        20-21 март аз соати 10 00 ташкили намоишҳои русуми Наврӯзӣ ва барномаҳои идонаи консертӣ дар сатҳи ноҳияҳои шаҳр дар Боғи Ирам, Боғи Ғалаба, майдони 800-солагии Москва, гулгашти ба номи Мироненко ва Боғи Дӯстии Халқҳо.

·        22 март баргузории чорабиниҳои идонаи Наврӯзӣ дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр.

·        23 март соати 14 00  мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе.

·        24 март маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе.

·        25 март, соати 11 00  намоиши фарҳангии театрикунонидашудаи «Ошёни Наврӯз» ва дар фарҷоми он дар ҳаҷми 7 дақиқа баргузории фейрверки рӯзона дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» (даромад бо даъватнома).

·        27 март, соати 10 00 Пойгаи равони сатҳи ҷумҳуриявӣ бо меъёрҳову иштироки доварони сатҳи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» (арзиши чиптаҳои воридотӣ 5 сомонӣ). 

Ҳамзамон бояд хотиррасон намуд, ки аз 10 то 20 марти соли 2012 баҳри ғановати дастурхони идонаи сокинон ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишварзӣ дар бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе ташкил карда мешаванд. Марҳабо ба чорабиниҳои Наврӯзи байналмилалии шаҳрдорӣ!