Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 March 2012

Дар бораи баргузории мусобиқаи  Пойгаи равон ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2012» дар шаҳри Душанбе

 

      Бо мақсади  баргузор намудани мусобиқаи пойга дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2012» ва дар ин замина ташвиқу тарѓиб намудани рушду равнақи варзиши намуди аспдавонӣ бо дарназардошти Протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1с/34.2-2 аз 16 феврали соли 2012, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20   Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М :

 

1.  Пойгаи равон 27 марти соли 2012, соати 1000, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо даъвати довар ва мутахассисони варзидаи сатҳи байналмилалии дар ҳайати Кумитаи тадорукот воридгардида, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва тартиби баргузории он мутобиқ ба  замимаҳои №№1 ва 2 гузаронида шавад.

2.  Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. – Раиси Кумитаи тадорукот, муовинони Раиси шаҳри Душанбе,  роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдор барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

3.  Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе (Анваров С.С.) дар якҷоягӣ бо ҶСК «Шаҳрофар» (Ишанов Б.М.), директори ҶДММ «Хонасоз - 4» (Уроқов Б.Б.) бо инобати пешниҳоди мутахассисони хориҷии даъватшуда ҷиҳати сохтмони ҷойҳои нигаҳдории иловагӣ барои 150 асп (денник), майдони омодасозии аспҳо барои пойга (падок), муваққатан рангубор намудани панҷараҳои оҳанини майдони аспдавонӣ ва дар оянда иваз намудани онҳо бо панҷараҳои пластикӣ, харидории таҷҳизоти шурӯи дав (стартовый бокс), бо маводи чӯбӣ рӯйпӯш намудани қисми поёнии дарҳои оҳанини ҷойҳои нигоҳдории аспҳо (денник), харидориву насби таҷҳизоти намоиши пурраи пойга (экран) ва роҳандозии фаъолияти пурраи пахши садо дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» то 26 марти соли равон тадбирҳои саривақтӣ андешанд. 

4.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) барои баргузории мусобиқаи пойга аз ҳисоби маблаѓҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи сметаи хароҷотӣ (замимаи3) маблаѓи 83600  (ҳаштоду се ҳазору шашсад) сомонӣ ҷудо намояд. 

5.  Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби сарпарастон ва алоқамандони ин намуди варзиш барои саҳм гузоштан дар баргузории пойга тибқи сметаи хароҷотӣ (замимаи №4) чораҳо андешад.

6.  Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» дар ҳамкорӣ бо тамоми сохторҳои марбута ва шахсони ҳуқуқию инфиродӣ баҳри даъват, ҷалб ва таҳияи рӯйхати аспҳо ва жокейҳои тамоми манотиқи кишвар тадбирҳои мушаххас  андешанд.

7.   Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ,  хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаи пойгаи равон  чораҳо  андешанд.

8.  Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма таъмин намояд.

9.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Сафаров С. гузошта шавад.

 

                                                                        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

Нақшаи

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузории мусобиқаи пойгаи равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба муносибати таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2012»

 

Ҳайати

Кумитаи тадорукот оид ба баргузории мусобиқаи пойгаи равон ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврӯз -2012» дар шаҳри Душанбе

 

Тартиби

баргузории мусобиқаи пойгаи равон ба муносибатиҷашни байналмилалии «Наврӯз-2012» дар шаҳри Душанбе