Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 April 2012

2 апрели соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ доир гашт.

Қабл аз ҳама, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев масъулини шаҳрдорӣ, фаъолони пойтахт ва аҳли ҷамоатчигии шаҳрро барои саҳми арзандаашон дар баргузории чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврўз -2012 сидқан сипосмандӣ намуда, даъват ба миён овард, ки бо тавсеаи фаъолияташон баҳри татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ оид ба ободонӣ ҳиссагузорияшонро вусъат бахшанд.

Сипас, бо дахли масоили хоҷагидории шаҳр ва бо хулоса аз натиҷаҳои зимистонгузаронӣ ва бо назардошти боришоти барфи зиёд дар мавсим, инчунин эҳтимолияти боронҳои баҳорӣ баҳри омодагиҳо ба рафъи оқибатҳои селойӣ ва дигар пайомадҳои табиӣ дастур фармуд, ки ситодҳои дахлдори ҳолатҳои фавқуллода, ки фаъолияти шабонарўзӣ доранд дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои пойтахт ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ зери масъулияти роҳбарони аввали муассисаву идораҳо фаъолияти пурсамари худро бо ҷалб намудани техникаҳои лозима ва ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута тавсеа бахшанд.

Дар робита ба ин таваҷҷўҳи раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони дигар субъектҳои масъули соҳавӣ ба ҳолати тозагӣ ва коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр нигаронида шуда, дастур гардид, ки дар ин самт баҳри пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби селборишҳо фаъолияташонро пурзўр намоянд.

Ҳамзамон ба масъулини шаҳрдорӣ супориш дод, ки барои харидории техникаҳои хурди коммуналии ба тозакунии пиёдароҳравҳо таъинотдошта бо анҷоми пажўҳиши  дақиқ унвонии Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол созанд.

Инчунин вобаста ба тақвияти фаъолият нисбати вазъи санитарию экологии шаҳр ва маъракаи ниҳолшинонӣ Кумитаи ҳифзи табиати шаҳри Душанберо муваззаф намуд, ки муоина ва инвентаризатсияи дарахтони дар ҳамшафати хиёбону кўчаҳои шаҳр мавҷудбударо то 1 майи соли 2012 ба анҷом расонида, тибқи тартиби муқарраргардида аз байн бурдани дарахтони ноустувор ва ба амнияти шаҳрвандон таҳдиддоштаро таъмин созад.

Ҳамзамон дар ҷаласа масоили ғановати бозори истеъмолии шаҳр, захира ва пешниҳоди маҳсулот баҳри таъмини рақобат ва коҳиш додани нарх аз ҳисоби бозорҳои коммуналӣ, иҷрои босифати нақшаи ҷамъоварии андоз, дарёфти манбаҳои иловагии андозбандӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ аз тарафи ташкилоту идораҳои аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузоришаванда, вусъати корҳо оид ба таъмири роҳҳои бар асари сардиҳои зимистон харобгардида, истифодаи ҳадафмандонаи заминҳои обии дар тавозуни муассисаҳои ниҳолу гулпарварии шаҳр қарордошта, вусъати амалисозии барномаҳои иҷтимоии шаҳрдорӣ баҳри дастгирии категорияҳои ниёзманд ва тақвияту қадргардонии фаъолияти эҳсонкорӣ дар асоси қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳр ва дастгирии соҳибкорӣ мавриди таваҷҷўҳи хосаи шаҳрдор қарор гирифтанд.