Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 April 2012

4 апрели соли 2012 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  Метрополит Викентий- сардори ҳавзаи Осиёимиёнагии Метрополити Калисои православии русро бо хоҳиши ӯ, ки дар ин зимн Сафири Фавқулодда ва  Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Юрий Попов ҳамроҳӣ мекард ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулокот Маҳмадсаид Убайдуллоев Метрополит Викентийро, ки ҳамзамон садорати Метрополити Калисои православии рус дар Душанбе ва Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад бобати таъин шуданаш ба ин вазифа самимона шодбош намуда, изҳори боварӣ кард, ки идомаи фаъолияти ӯ ба ин вазифа баҳри таҳкими фазои ҳамзистии осоиштаи мӯътақидони дини насронӣ ва кулли пайравони намояндагони дину мазҳабҳои гуногун, ки дар Душанбе - дорандаи Ҷоизаи  шаҳри Сулҳи ЮНЕСКО иқомат доранд, мусоидати бештар менамояд. 

Метрополит Викентий аз пазироӣ ва мӯҳтавои сӯхбати анҷом гирифта бо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори сипосмандӣ намуда, афзуд, ки ҷониби ӯ тамоми зарфиятҳояшро баҳри густаришу тақвияти  ҳамзистии осоиштаи пайравони дини насронӣ бо дигар намояндагони таркиби иҷтимоию адёнии шаҳри Душанбе ва кишвари Тоҷикистон сафарбар хоҳад кард.

Мулоқот дар фазои хусни тафоҳум ва созанда поён ёфт.