Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 April 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №143 аз 03.04.2012

 

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи А.Навоӣ (аз буриши хиёбони Б. Ғафуров то кӯчаи Баҳовуддинов)

 

Бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракат дар кӯчаи А.Навоӣ(аз буриши хиёбони Б.Ғафуров то кӯчаи Баҳовуддинов), мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.   Дар роҳи автомобилгарди кӯчаи А.Навоӣ (аз буриши хиёбони Б.Ғафуров то кӯчаи Баҳовуддинов) аз 5 апрел  то 20 июли соли 2012 ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ карда шавад.

2.   Дар робита бо муқаррароти банди 1-и Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Шералиев А.Б.), шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Тӯрахонов С.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Ғаниев З.) самти ҳаракати нақлиёти мусофирбариро, ки аз кӯчаи А.Навоӣ (аз буриши хиёбони Б.Ғафуров то кӯчаи Баҳовуддинов) мегузаранд, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар таҒйирот ворид намоянд.

3.  Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Бузмаков А.) ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт ба кӯчаҳои ҳамшафат бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон чораҷӯӣ намояд.

4.   Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе хамаҷониба мусоидат намоянд.

5.   Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори музкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ