Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 April 2012

 

Дар ҷаласа қабл аз ҳама масъалаи ҳадалимкон барқарорсозии роҳҳои бар асари сардиҳои зимистон харобгардида, бо истифода аз мусоидии боду ҳаво суръатбахшӣ ба иҷрои бо сифати корҳои таъмирӣ аз ҷониби ширкатҳои пудратӣ ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетию дар ин маърака аз ҳисоби саҳмгузорон фароҳамомада мавриди таваҷҷӯҳи шаҳрдор қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардид.

Дар ин зимн бо тавачҷӯҳ ба ҳолати иҷрои дастури шаҳрдорӣ аз 2 апрели соли 2012 дар робита ба дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр баҳри омодагӣ ба пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби селборишҳо аз ҷониби субъектҳои масъулу соҳибтавозун, аз натиҷаи санҷишҳои анҷомдодаи комиссияҳои депутатӣ Раиси шаҳр гузоришҳоро баррасӣ намуда, таъкид сохт, ки бе ягон саҳлангорӣ раисони ноҳияҳо ва Муассисаи давлатии «Раёсати обёрии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе»  дар ҳамкорӣ бо шахсони воқеиву ҳуқуқии аз ҳудуди иншоотҳояшон каналу селпартоҳо убуркунанда тадбирҳои воқеӣ андешанд.

Дар ҷаласа инчунин дар радифи дигар масоили ҳаёти хоҷагидории шаҳр, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои бунёдшаванда, ҳолати татбиқи Нақшаи генралӣ дар маҳаллаи Ховарон, вазъи такмили лоиҳаи сохтмони иншооти беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳрӣ дар хиёбони Н. Қарабоев ва масъалаи вусъати ҷараёни корҳои омодагӣ ба роҳандозии азнавсозии иншооти дар қисмати марказии шаҳр - кӯчаҳои А.Дониш-С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ ҷойгирбуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.