Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 April 2012

 

 

Ба ифтихори Рӯзи пойтахт, бори нахуст дар Тоҷикистон! Аз 27-ум то 29-уми апрели соли 2012 дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии шаҳрдории Душанбе Чемпионати 6-уми Осиё оид ба таэквон-до (ИТФ) бо  иштироки дастахои беҳтарини 20 кишвари Осиё, аз қабили Аморати Муттаҳидаи Араб, Афғонистон, Озорбойҷон, Россия, Хитой, Эрон, Муғулистон, Ҳиндустон, Непал, Ҷопон, Индонезия, Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон сабкати 300 нафар варзишгарон роҳандозӣ мешавад.

Бетараф мабош! Дастаи мунтахаби Точикистонро бо хаводории фаъоли худ дастгири намо!

Федератсияи миллии таэквон-до ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дастгирии иттилоотии Чемпионати 6-уми Осиё оид ба таэквон-до (ИТФ):  Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, Муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина»,  «Ҷаҳоннамо» ва «Пойтахт», радиоҳои «Азия-Плюс» ва «Ватан».