Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 April 2012

Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №135 аз 28 марти соли 2012 «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум»

 

Бинобар сабаби ба миён омадани зарурияти пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4, бо назардошти Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон №09 аз 4 апрели соли 2012 тасдиқ шудааст, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

Ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №135 аз 28 марти соли 2012 «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум» таѓйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар банди 1 Қарори мазкур рақами «12» ба «19» иваз карда шавад;

2. Ба Қарори мазкур банди 2.6 дар таҳрири зайл илова карда шавад:

«2.6. Дар бораи пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4»; 

- банди 2.6 Қарори мазкур мутаносибан банди 2.7 ҳисобида шавад.

 

                                                                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ