Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 November 2009

Имрӯз, ба муносибати 15 солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мактаби миёнаи рақами 70 барои 1260 хонанда кушода шуд. Мактаб бо тамоми таҷҳизоти зарурии таълимӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе иттиллоъ доданд.

Дар маросими кушодашавии мактаби нави таҳсилоти умумӣ Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирок карданд. Вобаста ба ҷашни фархунда пешниҳод карда шуд, ки мактаби мазкур ба номи «15 солагии Сарқонуни Тоҷикистон» номгузорӣ карда шавад.

Қайд карда шуд, ки барои сохтмони мактаб аз буҷаи шаҳри Душанбе 11 миллион сомонӣ маблағ сарф карда шудааст.

«Умуман, вобаста ба ҷашни 15 солагии Сарқонуни кишвар ба истифода додани 22 иншооти ҷашнӣ дар назар дошта шудааст», - чунин хабар доданд аз маркази матбуоти шаҳри Душанбе.