Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 April 2012


 Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба амалисозии корҳои фаҳмондадиҳии вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолии шаҳри Душанбе ва тасдиқиНақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқњ ва пурзўр  намудани  мубориза  бар  зидди чинояткори,  таъмини   амнияти шаҳрвандон,  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҳудуди марзию маъмӯрии шаҳри Душанбе   

               Бо мақсади таҳкими тартиботи ҳуқуқњ ва пурзўр  намудани  мубориза  бар  зидди їинояткорњ,  таъмини   амнияти шаҳрвандон,  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҳудуди марзию маъмӯрии шаҳри Душанбе, пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани масъулияти мақомоту сохторҳои шаҳрӣ дар мавриди иҷрои ваколатҳои хизматӣ вобаста аз самти фаъолияташон ва бо дарназардошти натиҷаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011, натиҷаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2011, рӯ ба афзоиш овардани ҷинояткорӣ, қонунвайронкунӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо  дар шаҳри Душанбе, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 115 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор», моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», моддаҳои 27 ва 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

           1. Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба амалисозии корҳои фаҳмондадиҳии вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандустии аҳолии шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида таъсис ва Низомномаи он тасдиқ карда шавад (Замимаҳои № 1 ва №2).

            2. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқњ ва пурзўр  намудани  мубориза  бар  зидди їинояткорњ,  таъмини   амнияти шаҳрвандон,  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҳудуди марзию маъмӯрии шаҳри Душанбе (минбаъд Нақшаи чорабиниҳо)  тасдиқ карда шавад (Замимаи №3).

            3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати андози шаҳри Душанбе, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти муҳочирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати чавонон, варзиш ва сайёхии шахри Душанбе, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Хадамоти назорати давлатии байторӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои  Нақшаи чорабиниҳо нақшаи чорабиниҳои идоравии худро вобаста ба самти фаъолияташон таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои онҳоро таъмин намоянд.

             4. Муқаррар карда шавад, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади  ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоту сохторҳои дар банди 3 Қарори мазкур зикргардида таъсис гардида, ҷаласаҳои он оид ба назорати рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо охири ҳар се моҳ аз ҷониби роҳбари Шӯро даъват карда шуда, дар он иштироки роҳбарони мақомоту сохторҳои масъул бо пешниҳоди ҳисоботи якмоҳаи расмӣ ба Шӯро аз рафти корҳои анҷомдода ҳатмӣ мебошад ва аз натиҷаи ҳар ҷаласа протокол тартиб дода шуда, на дертар аз санаи 10-ми моҳи навбатӣ бо имзои роҳбари Шӯро ба Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод мегардад.

            5. Ба инобат гирифта шавад, ки барои иҷрои пурра ва саривақтиву бечунучарои Нақшаи чорабиниҳо роҳбарони аввали мақомоту сохторҳои мутасаддӣ масъулияти шахсиро ба зимма доранд.

            6. Аз прокурори шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки иштироки намояндаи мақомоти прокуратураро дар ҷаласаҳои Шӯро ҷиҳати назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда таъмин намояд.

            7. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

           8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

  М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ҲАЙАТИ

Шӯрои назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоту сохторҳои шаҳрӣ оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҳудуди марзию маъмӯрии шаҳри Душанбе

 

1.

Хайруллоев Н.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, раиси Шӯро

2

Бӯриев Ф.С.

Мудири шӯъбаи маъмӯрию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, котиби Шӯро

 

 

 

Аъзоёни Шӯро

3

Раҳимова С.Х.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

4

Таваров Р.Ҳ.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

5

Мансуров Ҷ.М.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

6

Оев А.М.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

7

Сафаров З.А.

Раиси ноҳияи Сино

8

Алиев С.

Раиси ноҳияи Фирдавсӣ

9

Қурбонов А.Ҷ.

Раиси ноҳияи И.Сомонӣ

10

Бобоев С.Қ.

Раиси ноҳияи Шоҳмансур

11

Бузмаков А.А.

Сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе

12

Нуралиев З.С.

Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе

13

Ахмедов М.Р.

Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

14

Исмоилов Р.К.

Сардори Раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе

15

Афғонов З.Т,

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе

16

Абдуалимов Б.А.

Раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе

17

Файзуллоев Қ.

Сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе

18

Темуров А.

Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе

19

Бобоева Г.

Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе

20

Кенҷаев Д.

Сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе

21

Кармишев Б.

Сардори Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе

22

Қурбонов Д.

Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе

23

Сайфиддинов К.

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

24

Мӯсоева Ш.

Сардори Шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

25

Ҷураев А.Ш.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе 

26

Назаров Б.

Сардори Раёсати андози шаҳри Душанбе

27

Холиқов М.

Сардори Шӯъбаи Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

НИЗОМНОМАИ

Шурои хамохангсозии назди Раиси шахри Душанбе оид ба амалисозии корхои фахмондадихии вазъи сиёси, таблиготи хукуки, пешгирии чинояткори ва баланд бардоштани хисси ватандустии ахолии шахри Душанбе