Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 April 2012

 

Дар бораи ба низом даровардани масъалаҳои вобаста ба тақсимоти замин, додани қитъаҳои замин ба сокинони шаҳри Душанбе аз кварталҳои 14-15 маҳаллаи «Ховарон», лоиҳакашӣ, сохтмони манзили шахсӣ ва корҳои сохтмонии роҳҳо, коммуникатсия ва инфрасохторҳо  дар  кварталҳои  мазкур   

        

Бо мақсади ба низом даровардани масъалаҳои вобаста ба тақсимоти замин ва ба таври шаффофу одилона анҷом додани он дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе, қонеъ намудани эҳтиёҷоти шаҳрвандон ба қитъаҳои замин дар кварталҳои 14-15 маҳаллаи «Ховарон» дар доираи Нақшаи генералии тарҳрезишуда, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати», моддаҳои 22, 30 ва 771 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон,  моддаҳои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»,  Қарори  Раиси шаҳри Душанбе №273 аз 8 июни соли 2004 «Дар бораи   чораҳои ҳатмии риоя ва иҷрои қонунгузории амалкунанда оид ба замин, сохтмон, меъморӣ ва шахрсозӣ дар қаламрави пойтахт», №86 аз 25 феврали  соли 2008 ва №214-4 аз 5 майи соли 2011  «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шахри Душанбе №273 аз 8 июни соли 2004 «Дар бораи чораҳои ҳатмии риоя ва иҷрои қонунгузории амалкунанда оид ба замин, сохтмон, меъморӣ ва шахрсозӣ дар қаламрави пойтахт»

                                

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1.Протоколи замимагардидаи Комиссияи ҷамъиятии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  Душанбе оид ба назорати тақсимоти қитъаҳои  замин  дар маҳаллаи «Ховарон» аз 13 марти соли 2012 дар бораи ба инобат гирифтани рӯйхатҳои 712 (ҳафтсаду дувоздаҳ) нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд аз ҷумла дар ноҳияи Сино-208 (дусаду ҳашт) нафар, ноҳияи Шоҳмансур-168 (як саду шасту ҳашт) нафар, ноҳияи  Фирдавсӣ-168 (як саду шасту ҳашт) нафар, ноҳияи И.Сомони-168 (як саду шасту ҳашт) нафар барои ҷудо намудани қитъаҳои замин ҷиҳати бунёди хонаҳои истиқоматии аз тарафи Комиссияҳои ҷамъиятии ноҳияҳои  шаҳри Душанбе  пешниҳодшуда тасдиқ карда шавад.

 

2.Нақшаи тарҳрезишудаи кварталҳои 14-15 маҳаллаи «Ховарон», ки аз тарафи лоиҳакаш-Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шаҳрофар» таҳия гардидааст, маъқул дониста шуда, ба 712 (ҳафтсаду дувоздаҳ) нафар шаҳрвандони тибқи рӯйхатҳои бо банди 1 Қарори мазкур тасдиқгардида қитъаҳои замини масоҳаташ 0.03 (сифр аз сад се) га, барои истифодаи бемӯҳлат ҷиҳати сохтмони хонаҳои истиқоматии инфиродӣ дода шавад.

 

 3.Раёсати  сохтмони  асосии  шаҳри Душанбе (Анваров С.С) ҳамчун фармоишгари сохтмони иншоотҳои хатҳои муҳандисӣ ва коммуникатсияҳои кварталҳои 14 ва 15-и маҳаллаи «Ховарон» тибқи талаботи  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқии амалкунанда:

-дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шаҳрофар» ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии сохтмони хатҳои муҳандисии беруна, роҳҳо, ирригатсия, обтаъминкунӣ, корезӣ, барқтаъминкунӣ ва инфраструктураҳои кварталҳои 14 ва 15 маҳаллаи номбурдаро дар мӯҳлати се моҳ таҳия ва хулосаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намояд;

-дар мувофиқа бо Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ҷиҳати давра ба давра ба нақшаҳои асосии маблағгузорӣ дохил ва пешниҳод намудани иншооти мазкур ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот ирсол намояд.

 

4.Банди 8-и Қарори Раиси шаҳри Душанбе №320 аз 19 августи соли 2005 «Дар бораи сохтмон дар маҳаллаи «Ховарон» (Теппаҳои шарқӣ)-и шаҳри Душанбе» бо мазмуни зайл тағйир  дода шавад:

«8.Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе (Анваров С.С.) бо мақсади минбаъд тақсим намудани қитъаҳои замин ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шаҳрофар» иҷрои корҳои наворбардорӣ ва таҳияи Нақшаҳои генералии кварталҳои боқимондаи маҳаллаи «Ховарон»-ро ба анҷом расонад».

 

 5.Муқаррар карда шавад, ки барои пешниҳоди рӯйхати замимагардидаи шаҳрвандони эҳтиёҷманд барои гирифтани қитъаи замин, ки дар банди 1-и Қарори мазкур дарҷ гардидаанд, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва комиссияҳои ҷамъиятии ноҳияҳои шаҳри Душанбе тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият ба зимма доранд.

 6.Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иньикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

 

7.Назорати  иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Таваров Р.Ҳ. ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе: И.Сомонӣ- Қурбонов А.Ҷ., Сино – Сафаров З.А., Шоҳмансур - Бобоев С.Қ ва Фирдавсӣ - Алиев С.А. гузошта шавад.

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ