Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 April 2012

Шаҳри Душанбе ҳамчун макони татбиқи Иқдомоти Глобалии СММ  дар бахши «Шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон»  оид ба Барномаи тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон дар партави рушди устувори шаҳрҳо аз ҷониби СММ интихоб гардид.

Тавре иттилоъ дода мешавад се агентиҳои СММ:  Занон, Хазинаи Кӯдакон ва Хабитат дар татбиқи он масъул гардидаанд.

Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорандаи Ҷоизаи Шаҳри Сулҳи ЮНЕСКО аз рӯи ҷавобгӯ будан ба талаботҳои амалакунандаи интихоби институтҳои СММ- мавҷудияти ӯҳдадории баланд аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, шаҳрдор  ва институти намояндагии  маҳаллӣ, ҷой доштани воқеияти зарфиятҳои ҳамкорӣ ва таваҷҷӯҳи хоса дар шаффофияти фаъолият ва таҷрибаҳои муваффақонаи се агентиҳои СММ:  Занон, Хазиани Кӯдакон ва Хабитат дар он ба ин мавқеъ шоиста дониста шуд. 

Ҳамвора бо Душанбе шаҳрҳои Бейрути Калон (Лубнон), Метро Манила (Филлипин), Марракеш (Марокко), Найроби (Кения),  Рио-де Жанейро (Барзалия), Сан-Хосе (Коста-Рика), Тегусигалпа (Гондурас)  ба макони татбиқи Иқдомоти Глобалии мазкури СММ интихоб гардидаанд.

Роҳандозии Барномаи мазкур дар марҳилаи аввал таи ду соли пешоянд расидан ба ҳадафҳои  беҳсозии омор оид ба хушунат нисбати кӯдакон, ҷавонон ва занон, иттилоъдорӣ ва баланд бардоштани ӯҳдадориҳои  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон ва ҷавонон, зиёд намудани захираву нерӯҳои сафарбаршаванда барои ҳимояи занону кӯдакон дар  ноҳияҳои гирифтор ба мушкилиро пайгирӣ менамояд.

Баҳри максаднок амалисозии Барномаи мазкур ҷаласаи мушоваравии шаҳрҳои интихобгардидаи Иқдомоти Глобалии СММ  дар бахши «Шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон» рӯзҳои 8-11 майи соли 2012 дар шаҳри Найроби (Кения) баргузор карда мешавад.

Душанберо дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев  ва директори Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» - Шаҳло Ҷӯраева намояндагӣ мекунанд.