Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 April 2012

Қарори  РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 190 аз  16.04. 2012

      Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори

     беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2011»

       Барои саҳми арзандаи  соҳибкорӣ дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷети шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаву созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, муҳайё  намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №224 аз 6 апрели соли 2010  «Дар бораи гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 5 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя  ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

     1.Протоколи замимагардидаи ҷаласаи Комиссияи озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2011» аз 9 апрели соли 2012 ва дар ҳар як номинатсия ғолиби озмун эътироф намудани соҳибкорони зерин:

     I. ҶСП «Комбинати шири Душанбе» Комилов Наврӯз – номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ»;

     II. КДММ «Сохтмон сармоя 2000» Холиқова Тамара - номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн»;

     III. ҶДММ «Газпром-нефт Тоҷикистон» Мирзоев Фарҳод - номинатсияи «Савдо»;        

    IV. ҶДММ «Тоҷикинтурсервис» Қобилов Зафар - номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва саёҳи»;   

     V. ҶДММ «Фарма» Ҳоҷиев Абдушафеъ- номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ»;

      VI. ҶСК «Тоҷиксемент» Зувайдов Маҳмадсаид- номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат»;

   VII. ҶДММ «Тиб барои Шумо» Ҷаборов Фаридун - номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»;

    VIII. ҶДММ «Фавз» Ҷобиров Абдулазиз - номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология»;

    IX. ҶДММ «Сомон таъминот» Хидиров Саидраҳмон - номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир»;

     Х. ҶДММ «Рухом» Муҳабатов Муфарах - номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ»;

    XI. ҶДММ «Ёқут - 2000» Қодиров Абдуҳалим – номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ»;

    XII.ҶДММ «Идораи корхонаҷоти Ғизо Ф1 ФУД» Шамсиев Парвиз - номинатсияи «Хӯроки умумӣ»;

   XIII. ҶСП «Индиго Тоҷикистон» Ҳомидов Мансур - номинатсияи «Технологияҳои телекомуникатсионӣ»;

     XIV. ҶСК «Меҳмонхонаи Тоҷикистон» Раҳимов Муҳаббат - номинатсияи «Хизмати маишӣ»;

    XV.ҶДММ «Форекс» Зикиряев Азамат - номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама»;

     XVI. ҶДММ «Алкон-Душанбе» Саидов Саидюсуф - номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо»;

     XVII.ҶДММ «Ориён медиа» Ҷониев Рустам - номинатсияи «Технологияи ахборотӣ», тасдиқ карда шавад.

     2. «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2011» ғолиби номинатсияи  «Савдо»  ҶДММ «Газпром-нефт  Тоҷикистон» (Мирзоев Фарҳод) дониста шавад.

     3. Ғолибони озмун аз рӯи ҳар як номинатсия бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ – нишони фахрии озмун, барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2011»  Мирзоев Фарҳод бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе  ва Ҷоми фахрии Ғолиб, дигар довталабон – иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ  мутобиқи замима бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз  гардонида  шаванд. 

    4.Муқаррар карда шавад, ки супоридани Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва тӯҳфаҳои хотиравии  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар расми таҷлили  Рӯзи пойтахт сурат мегирад.

    5. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намуда, интишори онро дар васоитҳои чопию электронӣ ба роҳ монад.

     6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

 

                                                                                   М.УБАЙДУЛЛОЕВ