Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 April 2012

Қарори РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  №189 аз 16.04.2012

 

     Дар бораи ҷамбасти озмуни «Беҳтарин

     тарабхона, меҳмонхона ва ошхона»

      Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ баҳри таъмини сатҳи баланди хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сокинони шаҳри Душанбе  ва зина ба зина ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани фаъолияти субъектҳои хоҷагидории хизматрасонӣ ва рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна дар шаҳри Душанбе, таҳкими муносибатҳои судманд бо сектори хусусӣ ва муҳайё  намудани шароити созгор барои ҷалб намудани сармоягузорони ватанӣ бо назардошти  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №360 аз 28 августи соли 2011 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона дар шаҳри Душанбе», мутобиқ ба талаботҳои моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 5 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя  ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

    1.Протоколи замимагардидаи  Комиссияи озмуни  «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» №1 аз 19 августи соли 2011 оид ба ғолиби озмун эътироф намудани соҳибкорони зерин тасдиқ карда шавад:

                                     Беҳтарин меҳмонхона

     Ҷои аввал: Меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенсӣ»

Ҷои дуюм: Меҳмонхонаи «Тоҷикистон»

 

                                              Беҳтарин тарабхона

Ҷои аввал: Тарабхонаи «Қанд»

Ҷои дуюм: Тарабхонаи «Ал-Шамъ»

 

                                         Беҳтарин ошхона

Ҷои аввал: Ошхонаи «Тайга»

Ҷои дуюм: Ошхонаи «Озода»

 

     2.Ғолибони озмун бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе, ҷоиза ва дипломи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шавад.

     3.Муқаррар карда шавад, ки супоридани Ифтихорномаи шаҳри Душанбе, ҷоиза ва дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар расми таҷлили Рӯзи пойтахт сурат мегирад.

     4. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намуда, интишори онро дар васоитҳои чопию электронӣ ба роҳ монад.

    5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

 

                                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ