Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 April 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ   №191 аз 17.04.2012

 

Дар бораи баргузории  аксияи «Озодагии пойтахт»

 

Бо мақсади татбиқи муқаррароти банди 5-и Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили  90-солагии мақоми пойтахт гирифтани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти  соли 2012 то 1 октябри соли 2014 дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе эълон гардидани «30 моҳи ободонӣ», дар доираи аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» бо баррасии муроҷиати гурӯҳи «Тоҷикистони зебо» № С-94 аз 28 марти соли 2012 мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.    Ташаббуси гурӯҳи «Тоҷикистони зебо»  барои баргузории ҳашар ва равнақ додани корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар доираи «30 моҳи ободонӣ» ба шарафи 90 солагии пойтахт дар санаи 22 апрели соли 2012 дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва боғи «Дӯстии халқҳо», тибқи нақшаи чорабиниҳои замимагардида ҷонибдорӣ карда шавад.

2.    Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Қурбонов Д.М.)  ташкили чорабинии фарҳангиро бо ҷалби ҷавонони эҷодкор дар «Боғи пойтахт» ва боғи «Дӯстии халқҳо» ба роҳ монда, нерӯи ҷавононро ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар намояд.

3.    Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., раиси ноҳияи Сино Сафаров З.А., раиси ноҳияи Фирдавсӣ Алиев С.А., Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш.), Муассисаи давлатии «Сарраёсати кабудизоркунӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Холов А.) ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Қурбонов Д.М.) баҳри ҳадафнок ва дар сатҳи зарурӣ доир намудани чорабинии мазкур чораҳои амалӣ андешанд.

4.    Раёсати Кумитаи давлатии  амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шахри Душанбе (Нуралиев З.С.) ва Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Бузмаков А.) амнияту тартиботи ҷамъиятиро дар ҷараёни баргузории  чорабинӣ таъмин намоянд.

5.    Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

6.    Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

                                                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ

Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

р/т

Нақшаи корҳо

Мӯҳлат

Иҷрокунандагон

Масъули назорат

1.

Таъмини гулу буттаҳо  ва тухми сабзазор барои гурӯҳи «Тоҷикистони зебо» дар МД «Боғи пойтахт»

22 апрели соли 2012

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино

Сафаров З.А.

2.

 Муҳайё намудани лавозимотҳои корӣ, аз қабили бел, сатил, халтаҳои салафанӣ ва дастпӯшак барои ҷамъ намудани партовҳо

то 22 апрели соли 2012

Мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои  Сино ва Фирдавсӣ

Сафаров З.А., Алиев С.А.

3.

Омодакунии «Боғи пойтахт» барои гузаронидани маҳфили фарҳангӣ бо таҷҳизотҳои техникӣ, таъмини оби нӯшокӣ, яхмос, ҳамчунон  ҳавасмандкунии иштирокчиёни маҳфил бо тӯҳфаҳои хотиравӣ

22 апрели соли 2012

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе

Раҳимова С.Ҳ.

4.

Таъмини иштирокчиёни ҳашар бо 2 адад воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ (автобус)

22 апрели соли 2012

Шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Оев А.

5.

Назорат оиди дар доираи талаботи агротехникӣ шинонидани гулу сабзазор ва сари вақт баровардани партовҳои аз ҳашар ҷамъшуда

22 апрели соли 2012

Муассисаи давлатии  «Сарраёсати кабудизоркунӣ-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино

Хайруллоев Н.

6

Гузаронидани дискатека дар МД «Боғи пойтахт»

22 апрели соли 2012

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва МД «Боғи «пойтахт»