Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 April 2012

         Қарори раиси шаҲри Душанбе  №192 аз  17.04.2012

 Дар бораи ҷамъбасти озмунҳои шаҳрӣ бахшида ба «Рӯзи пойтахт»

 Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманди шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои пойтахт мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  моддаҳои 4 ва 18  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», Консепсияи озмуни «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт», ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №169 аз 9 апрели соли 2009 тасдиқ гардидааст ва бо назардошти Протоколи маҷлиси ҳайати ҳакамон оид ба ҷамъбасти озмунҳои шаҳрӣ бахшида ба «Рӯзи пойтахт» аз 14 апрели соли 2012

Қарор мекунам:

 1. «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт» - маҳаллаи «Зебуниссо»-и ноҳияи Шоҳмансур ҳисобида, бо диплому Ҷоизаи рамзӣ бо акси Нишони шаҳри Душанбе сарфароз гардонида, дар ҳудуди он сохтмони «Маркази ҷамъиятӣ» барои 100 (сад) ҷойи нишаст аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети шаҳри Душанбе  анҷом дода шавад.

2. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе (Файзуллоев Қ) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе (Абдуалимов Б.А.), Сарраёсати кабудизоркунии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Холов А.),  Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою купрӯкҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе (Мирзоев С.), Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш.)  тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҷои мувофиқро барои сохтмони «Маркази ҷамъиятӣ» интихоб намуда, дар муддати як моҳ лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанберо оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони маркази мазкур омода ва барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

3. Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе (Анваров С.С.) дар муддати ду моҳ   ҳуҷҷатҳои   лоиҳавии     сохтмони  иншооти мазкур ва конструксияи замонавӣ барои бозиву истироҳати кӯдакон бо назардошти хулосаи экспертизаи давлатӣ таҳия ва ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои муайян намудани манбаи маблаѓгузорӣ манзур созад.

4. «Беҳтарин кооперативи соҳибмулкони манзил» -«Кооперативи соҳибмулкони манзили ба номи Зоҳир Аҳрорӣ»-и ноҳияи Шоҳмансур бо диплом сарфароз гардонида, тибқи нақшаи муфассали тарҳрезии маҳал конструксияи замонавӣ барои бозиву истироҳати кӯдакон насб карда шавад.

5. «Беҳтарин манзили пойтахт» - бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Хатлон, хонаи 44 ноҳияи Фирдавсӣ бо диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу курсӣ қадрдонӣ карда шавад.

6. «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт» - шаҳрванд Одинаева Салима корманди Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо диплом, як адад телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» қадрдонӣ карда шавад.

7. «Беҳтарин Муассисаи фарҳангии пойтахт» - Мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзодаи Шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу курсӣ мукофотонида шавад.

8. «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ» - «Беҳтарин муассисаи тандурустии пойтахт» дониста шуда, бо диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу курсӣ  қадрдонӣ карда шавад.

9. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанберо тибқи ҳуҷҷатҳою ҳисобномаҳо оид ба хариди компютер, мизу курсӣ, конструксияи замонавӣ барои бозиву истироҳати кӯдакон, телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» таҳия ва пешниҳод намояд.

10 . Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.    

11. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

                                                                           М. УБАЙДУЛЛОЕВ