Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 April 2012

 

 

19 апрели соли 2012 Иҷлосияи нӯҳуми  Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ, субъектҳои хизматрасонӣ, соҳибкорӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандию намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Вакилон бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида: 

- Ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013».

- Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. «Дар бораи рафти татбиқи  Барномаи комплексии рушд ва ҷалби сармояҳо дар истеҳсолоти саноатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015».

- Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  аз ҳавзаи интихоботии №2 Наҷмиддинов М.С. оид ба иҷрои ваколатҳои худ.

-  Дар бораи ворид намудани тағйирот ба шумора ва ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.

-  Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимою иқтисодии шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010». 

- Оид ба ворид намудани тағйирот ба буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012

- Дар бораи  тасдиқ   намудани  Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

- Дар бораи пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4, шурӯъ намуданд.

Тибқи рӯзнома Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳисоботи муовини якуми Раиси шахри Душанбе Хайруллоев Н. «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сохторҳои марбутаю аҳли ҷамоатчигии шаҳр доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013»-ро баррасӣ ва муҳокима карда, қайд намуд, ки новобаста аз сарду тӯлонӣ ва сербориш омадани мавсими зимистонгузаронӣ иҷрои чорабиниҳои бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №189-6 аз 14 апрели соли 2011 «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигӣ доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012» тасдиқгардида, имкон фароҳам овард, ки фаъолияти самарабахши сохторҳои марбута дар мавсими зимистон, ҷорӣ намудани системаи муташаккили назорати иҷрои кор дар ҷойҳо, ташкили фаъолияти назарраси мақомоти дахлдор ва ситодҳо дар маҷмӯъ таъмин гашта, шароити зарурӣ барои зимистонгузарони сокинон муҳайё карда шуд.

Дар ин ҷода аз 1 феврали соли 2012 аввалин бор дар кишвар дар шаҳри Душанбе баҳри баланд бардоштани масъулияти роҳбарон оид ба сатҳ, сифат ва ҳаҷми хизматрасониҳои коммуналию нақлиёти ҷамъиятӣ, бартарафсозии саривақтии садамаҳо дар шабакаҳои муҳандисӣ, беҳдошти ҳолати санитарӣ, роҳҳову системаҳои ирригатсионӣ, фарҳанги шаҳрнишинии сокинон ва меҳмонони шаҳр баҳри амалисозии ҳадафҳои ташкили ҳукумати электронӣ Барномаи инноватсионии «Мо метавонем!» дар реҷаи мустақим «On-Line» таври шабонарӯзӣ фаъол кардани сомонаи интернетии www.mometavonem.tj  натиҷаҳои пурсамар дод. 

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз натиҷаҳои зимистонгузаронӣ, ки шахсан ҷараёни иҷрои корҳоро зери назорати доимӣ  қарор дошт, барои фаъолияти анҷомдода ба кулли роҳбарони сохторҳои марбутаи хизматрасонӣ, ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ, аҳли ҷамоатчигӣ шаҳр ва занон - кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт аз номи роҳбарияти шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  изҳори миннатдорӣ намуда, итминон баст, ки потенсиали ҳар кадоме барои ҳадафмандона омодагирию мавсимгузаронии пешорӯ нек сафарбар карда мешаванд.

      Сипас,  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо мақсади омодагии ҳамаҷониба баҳри таъмини фаъолияти мӯътадилу самарабахши соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 бо назардошти таклифу пешниҳодоти аз ҷониби вакилон ироагашта нақшаву вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сохторҳои марбутаю аҳли ҷамоатчигии шаҳрро бо Қарори худ тасдиқ намуда, Муроҷиатномаи худро унвонии сокинони шаҳр оид ба сарфаву сариштакорона истифодабарии нерӯи барқ ва дастгоҳҳои барқӣ, оби нӯшокиву таъмини саривақтии пардохтҳои коммуналӣ, ҳифзи муҳити зисту беҳдошти вазъи санитарӣ ва моликияти ҷамъиятӣ қабул кард, ки матни комили он дар сомонаи шаҳрдорӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи чопию электронии шаҳрӣ интишор мегардад.

Зимни баррасии масъалаи рӯзнома дар ҳисоби худ муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷ. Мансуров афзуд, ки “Барномаи комплексии рушд ва ҷалби сармояҳо дар истеҳсолоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015” бо мақсади фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди устувори соҳаи саноат, баҳри васеъ намудани доираи истеҳсолот ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифати технологӣ ва илмӣ, тобовари рақобат, истефодаи беҳтари иқтидори истеҳсолӣ, таъмини шуғлӣ ва афзоиши воридот ба буҷа дар асоси азнавкунии фонди истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Душанбе аз рӯи самтҳои асосӣ истеҳсоли номгуи маҳсулот, васеъ намудани истеҳсолот, афзун намудани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолӣ амалӣ карда мешавад.

Арзёбии ҳолати иҷрои чорабиниҳои дар Барнома пешбинигардида аз рӯи самтҳои асосӣ дар соли 2011, ки давраи оғози татбиқи он ба ҳисоб меравад, собит сохт, ки корхонаҳои истеҳсолии комплекси саноатии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Барнома корҳои муайянеро ба иҷро расониданд.

Таҳлили рафти иҷрои Барнома  аз оғозшавии татбиқи он то ба 1 апрели соли 2012 нишон дод, ки  аз рӯи самтҳои асосӣ: истеҳсоли номгӯи маҳсулот, васеъ намудани истеҳсолот ва афзун намудани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолӣ дар давраи сипаригашта аксари чорабиниҳо  иҷро гардидаанд.  

Дар ин давра иҷрои 98 адад (83%) чорабиниҳои пешбинишуда таъмин гардида,  ба маблағи 97,5 млн. сомонӣ (89%) сармоя дар татбиқи чорабиниҳо аз худ карда шуда, иҷрои дигар чорабиниҳо дар мӯҳлатҳои тибқи Барнома муайяншуда идома доранд.

Аз рӯи иҷрои чорабиниҳои дар «Барнома» пешбинигардида новобаста аз мураккабии сатхи технологияи истеҳсолот  корхонаҳои Комбинати полиграфии Душанбе, ҶСШК: «Нафиса», КВД «Тоҷиктекстилмаш», ҶСШК «Обшорон», ҶСШК «Системавтоматика», ҶДММ “Тоҷик-мармар», ҶCШК «Комбинати масолеҳи бинокорӣ»,  ҶММ «Омега», ҶДММ  «Рухом», Силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии (СНБО)-и Варзоб, ҶСП «Гулистон», ҶСП «Комбинати гушту консерва»,  Нашриёти «Шарки Озод»,  КИТВД «Душанбеагросервис», ҶДММ «Тоҷикмебел», ҶСП ЖБК-3, ҶСК «Сомон-тоҷиксохтмон», ҶСК «Сохтмонтаъмир», ҶСК «ЖБК – 1», ҶДММ «Шириниҳои шарқ» ҷиҳати таъмини афзоиши истеҳсолот аз рӯи зиёд намудани нишондодҳо ва ҷорӣ намудани хати нави технологии муосир натиҷаҳои хубро ба даст овардаанд.

Бо хулоса аз ҳисоботи манзуршуда ва музокираҳои вакилон Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри татбиқи пурсамари он муқаррар сохт, ки ҷараёни амалишавии нақша-чорабиниҳои пешбининамудаи он ҳар моҳ дар сатҳи муовини соҳавӣ ва ҳар семоҳа як маротиба дар сатҳи Раиси шаҳри Душанбе баррасиву назарсанҷӣ карда шавад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар доираи аз ҷониби шаҳдорӣ солҳои 2012-2014 баҳри коҳиш додани афзоиши шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз шаҳри Душанбе ва тавассути ташкили ҷойҳои кории нав бо шуғл ва маоши сазовор таъмин намудани корҷӯён “Соли дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ” эълон шудан, барои пешгирии субъектҳои соҳибкорӣ аз ҳар гуна  санҷишҳои ғайриқонунӣ  Комиссияи босалоҳияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баҳри баррасии муроҷиати соҳибкорон оид ба мудохилаву санҷишҳои пешбининакардаи қонунгузорӣ аз ҷониби сохторҳои масъули назорати давлатӣ, таъсис дода шавад. Дар ин зимн дар ҳамкорӣ бо Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе  бобати дастрасӣ ба маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба соҳибкорон дар заминаи сомонаи интернетии www.mometavonem.tj  бахши махсуси хизматрасонӣ ташкил карда шавад.

Ҷиҳати мусоидат ба татбиқи дастоварду ихтирооти соҳаи илми ватанӣ  дар истеҳсолот ва дар заминаи корхонаҳои саноатии шаҳр ё худ зимни ташкили корхонаҳои нав роҳандозӣ намудани истифодаи онҳо муқаррар гашт, ки ҳайати олимон – вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз дастовардҳои илмии дар ҳаёт татбиқгаштаи худ соле як маротиба  ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳисобот диҳанд.

Дар иҷлосия вакилон нисбати ҳамаи масъалаҳои матраҳгардида бо инобати таклифу пешниҳодоти фаъолони шаҳр қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Аз ҷумла бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе иловапулии ҷории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба нафақаи моҳонаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  дар шаҳри Душанбе 150 сомонӣ илова муқаррар карда шуд.

Баҳри иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 75-8 аз 22 декабри соли 2011 “Дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010», ки мутобиқ ба он шурӯъ аз соли 2012 то 2015 дар доираи эълон намудани “Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо” қисми иҷроиши барзиёди воридоти маблағҳо ба буҷети шаҳрӣ ва буҷети ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ин мақсад сафарбар карда мешаванд, ба буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012 тағйирот ворид гардид, ки дар асоси он буҷети шаҳрӣ аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи 4291150 сомонӣ зиёд карда шуд ва ин маблағ барои таъмири роҳҳои шаҳр иловатан равона мегардад.

Дар фарҷом вакилони халқ тибқи рӯзномаи иҷлосия оид ба пешбарӣ намудани номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4 номзадии Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёров  Бахтиёр  Таваровичро якдилона ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуданд.