Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 April 2012

Қ А Р О Р И  Р а и с и  ш а ҳ р и  Д у ш а н б е 

№198 аз  18.04. 2012                  

 

Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Муассисаи мусофиркашонӣ

ва  ронандаи  беҳтарин  дар  соли  2011»

 Бо назардошти саҳми арзандаи корхонахои нақлиётии шаҳри Душанбе ва бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаю ҳавасмандгардонии онҳо ба муносибати Рӯзи пойтахт, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қарор мекунам:


1. Протоколи замимагардидаи ҷаласаи комиссияи озмуни «Муассисаи мусофиркашонӣ ва ронандаи беҳтарин дар соли 2011» аз 16 апрели соли 2012 тасдиқ карда шавад.

2. Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2»-и шаҳри Душанбе ҳамчун ғолиби озмун мутаносибан «Корхонаи сол» ва «Ронандаи беҳтарин» дар соли 2011 ронандаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Аква-транс» Маҳмадов Ҷумахон Рустамович, эътироф карда шаванд.

3. Ғолибони озмун бо «Ифтихорномаи шаҳри Душанбе», Ҷоми фахрии ғолиб ва мукофотпулӣ ба маблағи мутаносибан ба «Корхонаи сол»-3000 (се ҳазор) сомонӣ ва ба «Ронандаи беҳтарин» -1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ  сарфароз гардонида шаванд.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 4 500 (чор ҳазору панҷсад) сомонӣ мукофот-пулӣ барои сарфароз гардонидани ғолибони озмун мутобиқи банди 3 Қарори мазкур ҷудо намояд.

4. Муқаррар карда шавад, ки супоридани «Ифтихорномаи шаҳри Душанбе» ва тўҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар расми таҷлили Рўзи пойтахт сурат мегирад.

5. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ӯлмасов Ф.У. гузошта шавад.

    
                      М.УБАЙДУЛЛОЕВ