Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 April 2012

   ҚАРОРИ  РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  №201 аз 18.04.2012

 

 Дар бораи пардохти маблағҳои идрорпулиҳо ба хонандагони аълохони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва омӯзгорони эҷодкору навҷӯи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе

 

        Бо мақсади ҳавасмандгардонии моддии хонандагони аълохони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва омӯзгорони эҷодкору навҷӯи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва бо дарназардошти Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 дар бораи  «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи  соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010», Қарори Раиси шаҳри Душанбе       № 224 аз 19 майи соли 2006 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ - маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт», бо дарназардошти Протоколи № 1 аз 28.02.2012-и Комиссияи назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба интихоби хонандагони аълохони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ - истиқоматкунандагони муқимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони эҷодкору навҷӯӣ муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои таъин намудани идрорпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012, Қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ № 3/6 аз 29 феврали соли 2012, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф»

 

Қ А Р О Р      М Е К У Н А М :

 

       1. Рӯйхатҳои замимагардидаи хонандагони аълохони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни аълохони     Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва омӯзгорони эҷодкору навҷӯи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои гирифтани идрорпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 тасдиқ карда шаванд.

      2.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д. М.) маблағҳои дар буҷети шаҳрӣ барои идрорпулиҳо пешбинишуда тибқи ҳисобномаи замимагардида ба маблағи 200130 (дусад ҳазору яксаду си) сомонӣ ба Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

       3. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Бобоева Г. И.) маблағҳои ҷудошударо ба хонандагони аълохон,  омӯзгорони  эҷодкору  навҷӯи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  дастрас гардонад.

      4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе   пешниҳод  карда  шавад.

      5. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма  таъмин  намояд.

      6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе   Раҳимова  С. Ҳ. гузошта  шавад.   

                                                             М.  УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Рӯйхати

донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Рӯйхати

хонандагони аълохони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе

 

 

Рӯйхати

омӯзгорони эҷодкору навҷӯи мактабҳои таҳсилоти умумии

шаҳри Душанбе