Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 April 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №200 аз 18.04.2012

                                                                           

Дар бораи ба хатмкунандагон-барандагони медалҳои тилло ва нуқра расонидани ёрии яквақтаина

 

     Бо мақсади ҳавасмандгардонии моддии хонандагони аълохони мактабҳои шаҳри Душанбе ва бо инобати Қарори Раиси  шаҳри Душанбе № 446 аз 25 октябри соли 2005  «Оид ба тадбирҳои аввалиндараҷаи инкишофи соҳаи маорифи пойтахт», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 31 Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   «Дар  бораи  маориф»                                                                  

 ҚАРОР   МЕКУНАМ:

      1. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д. М.) ба  Раёсати маорифи шаҳри Душанбе аз ҳисоби  фонди  захиравии Раиси  шаҳри Душанбе 5400 (панҷ ҳазору чорсад) сомонӣ барои расонидани ёрии яквақтаина ба 23 (бисту се) нафар хатмкунанда-барандагони медалҳои тилло ва нуқра (тибқи рӯйхати  замимагардида), ба ҳар барандаи медали тилло 300 (сесад) сомонӣ ва медали нуқра 200 (дусад) сомонӣ ҷудо намояд.

     2. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Бобоева Г. И.) мақсаднок истифода бурдани маблағҳои ҷудогардидаро таъмин созад.

      3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони  халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

 4. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д. Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма  таъмин  намояд.

     5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе   Раҳимова  С. Ҳ. гузошта  шавад.   

 
                                                                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Замима ба Қарори Раиси

шаҳри Душанбе №200 аз 18.04.2012

 

Рӯйхати

хатмкардагон -  барандагони медалҳои тилло ва нуқраи

муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе

дар соли хониши 2010-2011