«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 April 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  № 199 аз 18.04.2012

 

  Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии «Мактаби сол - 2011», «Директори сол - 2011», «Муаллими сол - 2011», «Кӯдакистони сол - 2011», «Мудири кӯдакистони сол - 2011», «Мураббии сол - 2011» ва «Синфи беҳтарини сол - 2011»

Бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии моддии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе ва бо дарназардошти Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 75-8 аз 22 декабри соли 2011 дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010», Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе  №136 аз 12 октябри соли 2000 «Дар бораи чораҳои такмили фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе», № 224  аз 19 майи соли 2006 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ - маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт», бо дарназардошти қарори Кумитаи тадорукоти озмунҳои касбӣ №1 аз 20.12.2011, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 31 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

ҚАРОР МЕКУНАМ:


     1. Протоколи замимагардидаи № 1 аз 20 декабри соли 2011  Кумитаи тадорукоти озмунҳои шаҳрии  «Мактаби сол - 2011», «Директори сол - 2011», «Муаллими сол - 2011», «Кӯдакистони сол - 2011», «Мудири кӯдакистони сол - 2011», «Мураббии сол - 2011» ва «Синфи беҳтарини сол - 2011» маъқул дониста шуда:

 

     а) ба ғолиби озмуни «Мактаби сол - 2011» - коллективи меҳнатии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 13 ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсати ҳисоби хоҷагӣ,  баҳисобгирӣ  ва тақсимоти  манзили  шаҳри  Душанбе  тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда хонаи сеҳуҷрагӣ дар суроғаи шаҳри Душанбе,  кӯчаи Федина 11/10, ҳуҷраи 50 ҷудо намуда, барасмиятдарории онро таъмин намояд.

    б) ғолиби озмуни «Директори сол - 2011» - директори  гимназияи № 9 ба номи Низомии ноҳияи Исмоили Сомонӣ  Сатторова Гулрӯ бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ  сарфароз гардонида шавад;

    в) ғолиби озмуни «Муаллими сол - 2011» - муаллими фанни забони русии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 78 ноҳияи  Фирдавсӣ  Рябсев Виталий бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор) сомонӣ қадр карда шавад;

     г)  ғолиби озмуни «Кӯдакистони сол - 2011» -  кӯдакистони     № 157 ноҳияи  Сино (мудираш Қодирова Ҳамида) дар ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ қадр карда шавад;

     ғ) ғолиби озмуни «Мудири кӯдакистони сол - 2011» - мудири кӯдакистони № 44 ноҳияи Шоҳмансур  Усмонова Зебо бо мукофотпулӣ  дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор)  сомонӣ сарфароз гардонда шавад;

     д) ғолиби озмуни «Мураббии сол - 2011» - мураббии кӯдакистони № 117 ноҳияи  Фирдавсӣ Аъзамова Олмахон дар ҳаҷми  1500 (як ҳазору панҷсад)    сомонӣ мукофотонида шавад;

     е)  ғолиби  озмуни  «Синфи  беҳтарини  сол – 2011» -коллективи синфи  10 «Ғ» (ҳоло 11 «Ғ»)- и литсейи  № 55 ноҳияи Шоҳмансур бо Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва  роҳбари ҳамин синф Ҳафизова Нигина дар ҳаҷми 200 (дусад) сомонӣ барои 10 моҳ, сардори синф Каримова Шаҳноза дар ҳаҷми 60 (шаст)  сомонӣ барои 9 (нӯҳ) моҳ, хонандагони синф 26 (бисту шаш) нафар, ҳар  кадоме  дар  ҳаҷми  50 (панҷоҳ) сомонӣ  барои 9 (нӯҳ) моҳи соли 2012 ба ин мақсад ҷудогардида, бо идрорпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида шаванд.  

     2. Кӯдакистони № 53 ноҳияи Фирдавсӣ (мудираш Саодатова Меҳриниссо) барои ишғоли ҷойи 2–юм дар озмуни «Кӯдакистони соли - 2011» бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500   (як ҳазору панҷсад) сомонӣ қадр карда шавад.

     3. Кӯдакистони № 36 ноҳияи Шоҳмансур (мудираш Гулова Майсара) барои ишғоли ҷойи 3–юм дар озмуни «Кӯдакистони соли - 2011» бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 (як ҳазор) сомонӣ қадр карда шавад.

     4. Барои фаъолияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи насли наврас, саҳми арзанда дар пешравии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, иштироки фаъолона дар озмунҳои  «Мактаби сол - 2011», «Директори сол - 2011», «Муаллими сол - 2011», «Кӯдакистони сол - 2011», «Мудири  кӯдакистони сол - 2011» ва «Мураббии  сол - 2011» шахсони зерин ҳар кадом ба мабалағи 500  (панҷсад) сомонӣ қадр карда шаванд:

     Сафаров Қарчибек -  директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 65 ноҳияи Шоҳмансур (ҳоло директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 25 ноҳияи Сино);

    Исрофилов Анвар -  директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 77 ноҳияи Фирдавсӣ;

     Коробкина Вероника - муаллимаи фанни забони англисии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ноҳияи Исмоили Сомонӣ;

     Ҳакимова Ҷамила - муаллимаи фанни забони давлатии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 20 (ҳоло директори мактаби № 41 ноҳияи Шоҳмансур);

     Асоева Сурайё - муаллимаи  синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  № 90 ноҳияи Сино;

     Сайвалиева Ҳабиба - мудири кӯдакистони № 52 ноҳияи Фирдавсӣ

     Саидова Гулсара - мудири кӯдакистони № 139 ноҳияи Сино;

     Ҷӯраева Мавҷуда   - мураббии кӯдакистони № 67 ноҳияи Шоҳмансур;

      Зиётова Маҳтобӣ - мураббии кӯдакистони № 96 ноҳияи Сино.  

      5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д. М.) аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети шаҳр пешбинишуда  32740 (сиву ду ҳазору ҳафтсаду чил) сомонӣ тибқи ҳисобномаи замимагардида ба Раёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо ҷудо намояд.

     6. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Бобоева Г. И.)  истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои дар сметаи хароҷотии ба ин мақсад пешбинишударо таъмин намуда, таҷрибаи ибратбахши омӯзгорону мураббиён, роҳбарони бомаҳорату беҳтарини муассисаҳои таълимии шаҳрро дар байни  ҳамаи мактабу кӯдакистонҳо тарғибу ташвиқ намояд.

     7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

     8. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори  омма таъмин  намояд.

      9. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С. Ҳ.  гузошта шавад.

                                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ

Замима

ба Қарори Раиси

шаҳри Душанбе № 199 аз 18.04.2012

 

 Ҳисобномаи

маблағҳо барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни

озмунҳои касбии кормандони соҳаи маорифи пойтахт