Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 April 2012

Дар бораи  ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии соҳаи тарбияи ҷисмонию варзиш бо унвонҳои «Беҳтарин варзишгари шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе», «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин соҳибкор-ҳаводори варзиши сол дар шаҳри Душанбе»

 

Бо мақсади рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва  варзиш дар шаҳри Душанбе, дар амал татбиқ намудани банди 1.6 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи  Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2013, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз №565  аз 14 октябри соли 2010 тасдиқ гардидааст, иҷрои Қарори Раиси  шаҳри Душанбе аз № 142-10 аз           1 марти  соли 2011 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе» ва бо дарназардошти суратмаҷлиси Кумитаи тадорукот №1 аз  12 апрели соли 2012  мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  моддаи 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

       1.  Суратмаҷлиси замимагардидаи №1 аз 12 апрели соли 2012 Кумитаи тадорукоти озмунҳои «Беҳтарин варзишгари шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе», «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин соҳибкор-ҳаводори варзиши сол дар шаҳри Душанбе» ҷонибдорӣ карда шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин варзишгари шаҳри Душанбе» пас аз анҷоми  Бозиҳои тобистонаи олимпии навбатӣ (Лондон- 2012) моҳи  августи соли 2012  муайян карда  мешавад.

а) ғолиби озмуни «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе», мураббии Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №9 оид ба бокс Шамсиев Мирзо эътироф ва бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3 000 (се ҳазор)  сомонӣ ҳавасманд гардонида шавад.

б) ғолиби озмуни «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе» Мактаби варзиши махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №2  оид ба таэквондо бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3 500 (се ҳазору панҷсад) сомонӣ қадр карда шавад.

в) ғолиби озмуни  «Беҳтарин толори варзиши сол дар шаҳри Душанбе» толори варзишии Муассисаи давлатии Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе муқаррар гардида, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ сарфароз гардонида шавад.

г) ғолиби озмуни «Беҳтарин соҳибкор- ҳаводори варзиши сол дар шаҳри Душанбе Наврӯз Усмонов роҳбари Клуби «Шоҳона» муқаррар карда шуда, бо лентаи рамзӣ ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2 000 (ду ҳазор) сомонӣ ҳавасманд гардонида шавад.

3.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) бо назардошти ҷамъбасти натиҷаҳои озмунҳои замимагардида аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 11 000 ( Ёздаҳ ҳазор ) сомонӣ ҷудо  намояд.

4.   Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5.   Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма таъмин намояд.

6.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад. 


М.УБАЙДУЛЛОЕВ