Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 April 2012

25 апрели соли 2012  ҷаласаи  кории шаҳрдорӣ оид ба вазифаҳои барномавии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз Паёми Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Сарвари давлат 20 апрели соли равон баргузоргардида бармеоянд, доир гашт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулини шаҳрдориро ба густариш ва тақвияти таблиғи моҳият ва мӯҳтавои Паёми Президенти кишвар дар байни аҳли ҷамоатчигии шаҳр нигаронида, дар ин зимн дастур фармуд, ки иҷрои амалии нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои онро, ки  фарогири иҷрои масъалаҳои дар он зикрёфта, аз қабили пешбининамоии сафарбарсозии маблағҳои озод ва иҷрои барзиёди даромади буҷети маҳаллӣ барои маблағгузории зиёдшавии музди меҳнат, таҳкими заминаҳои моддиву техникии сохтору мақомотҳои марбута, ташкили низоми хариди электронии молу маҳсулот бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, тақвияти чораҳо оид ба риояи қатъии   интизоми давлатӣ дар байни хизматчиёни давлатӣ ва ҷалб намудани мутахассисони ҷавону соҳибтаҷриба ба хизмати давлатӣ, мусоидат ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатию истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ,    ҷойҳои нави корӣ, самарнок истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, баланд бардоштани сифат ва сатҳи хизматрасониҳову фарҳанги шаҳрнишинӣ мебошанд, дар доираи  фаъолияти босамар дар мӯҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.

Дар ин росто Раиси шаҳр масъулини шаҳрдорӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳриро бори дигар муваззаф сохт, ки тибқи муқаррароти мавҷуда ба баррасии муроҷиати саривақтии шаҳрвандон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар доираи салоҳиятҳои худ баҳри ҳалли масъалаҳои пешниҳодшаванда тадбирҳои воқеӣ андешанд.

Бо хулоса аз вохӯрии Раиси шаҳр бо  сокинон нисбати тавсеабахшии фаъолияти гуногунҷабҳаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он баҳри роҳандозии боз ҳам ҳамкориҳои наздик бо аҳли ҷамоатчигӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар баробари идомаи фаъолият тибқи рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ва ноҳияҳо, муқаррар сохт, ки шурӯъ аз 14-уми майи соли 2012 иловатан қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ва мақомоту сохторҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт аз  соати 18, рӯзҳои душанбе- дар ноҳияи И. Сомонӣ, сешанбе –дар  ноҳияи Шоҳмансур, чоршанбе- дар ноҳияи Сино ва панҷшанбе – дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор карда шавад.

Баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ ва рушди меъмории шаҳр, инчунин фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба татбиқи потенсиали созандаи шахсони воқеию ҳуқуқии ватаниву хориҷӣ ба масъулин дастур фармуд, тартиби соддакардае, ки аз 13 июни соли 2006 то имрӯз тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №264 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми қабул ва баррасии соддакардашудаи муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои сохтмону меъморӣ ва истифодаи замин» бо усули «равзанаи ягона» амалӣ мегардад, баҳри сареъияти дастрасозии санадҳои иҷозатдиҳӣ дар кӯтоҳтарин муддат ба шаҳрвандон тартиби мавҷуда бо ин мақсад бори дигар таҷдиди назар гардад.

Ҳамзамон баҳри тавсеаи ин раванд муқаррар сохт, ки низоми мавҷудаи бо инобати хулосаи прокуратураи шаҳри Душанбе барои тасдиқи Раиси шаҳр пешниҳод намудани санади Комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш ба анҷомрасида оид ба истифодадиҳӣ  бекор карда шавад.

Вобаста ба омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронии  пешорӯ баҳри зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсоли гармӣ ва оби гарм барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти сокинони шаҳр бо ин нерӯ тариқи аз ангишти ватанӣ роҳандозии истифодаи технологияи ҷадиди истеҳсоли сӯзишвории композитии моеъи сунъӣ дар буғхонаи Ғарбии Макрази барқу гармиистеҳсолкунии ШСХК «Барқи Тоҷик» дар шаҳри Душанбе, ки мутаассифона ҳалли он солҳост, ки аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» кашол меёбад, тезонидани корҳои сохтмониро  бо ирсоли муроҷиати навбатӣ ба Ҳукумати кишвар маротибаи дигар таъкид ва ба масъулини сохторҳои шаҳрӣ дар ин хусус дастурҳои мушаххас дода, барои мақсаднок сафарбарсозии аҳли ҷамоатчигии шаҳр ба ҳашари умумиҷумҳуриявии рӯзҳои 28-29 апрели соли 2012 нақшаи корҳои анҷомгирандаро тасдиқ намуд.