Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 May 2012

Қарори раиси шаҲри Душанбе №228 аз 30.04.2012

                                     

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо

оид ба таҷлили ҷашни 67-умин солгарди

Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании

солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ, дар рӯҳияи матонату далерӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва дастгирии иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд,  ҳамчунин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳои ҷашни 67-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 8 ва 9 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»  ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қарор мекунам:

1.    Нақшаи чорабиниҳо тибқи замимаи №1  оид ба таҷлили ҷашни 67-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

 

2.     Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) барои пардохти кӯмакпулии якдафъаина аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 454 300 сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба ҳар кадоме ба андозаи 500  сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд ва ба ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 350 сомонӣ мутобиқи замимаи №2 ҷудо намуда, бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ ба буҷети ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузаронад.

 

3.     Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе тибқи рӯйхати замимаи №3 ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон ва тибқи замимаи №4 дар шароити тантанавӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе маблағҳои ҷудогардидаро аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе на дертар аз 5 майи соли ҷорӣ дастраси онҳо гардонанд.

 

4.     Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои  шаҳри Душанбе баргузории вохӯриву чорабиниҳоро бо маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тибқи замимаи №5 ба роҳ монанд.

 

5.     Баҳри ободонии қабру пайкара ва лавҳаҳои ёдгории қурбониёну иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамчунин таъмини тозагии  Боғи мемориалии «Ғалаба», майдони «Ғалаба», хиёбону кӯчаҳо ва гулгаштҳои шаҳри Душанбе рӯзи 5 майи соли ҷорӣ ҳашари умумишаҳрӣ эълон карда шавад.

 

6.     Аз роҳбарони идораву муассиса ва ташкилоту корхонаҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе ҷойгирбуда хоҳиш карда шавад, ки дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, кӯмаки моддӣ расонанд.

 

7.     Аз раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони  муассисаҳои таълимӣ ва ҳар як сокини шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки тибқи Маромномаи сокини пойтахт ба таври ҳамешагӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат таваҷҷӯҳи хоса, ғамхорӣ ва муносибати некро зоҳир намоянд.

 

8.      Муқаррар карда шавад, ки ҳама гуна ташаббусҳои шаҳрвандон, шахсони мансабдор барои  кӯмак ва дастгирии ҳамаҷонибаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, алалхусус ба ниёзмандон чун иқдоми наҷиб ҳамеша мавриди истиқбол ва тарғиботу ташвиқот  дар қаламрави шаҳри Душанбе қарор дода мешавад.

 

9.      Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тавассути васоити ахбори омма  инъикоси васеи Қарор, омодагӣ ва таҷлили 67-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро дар шаҳри Душанбе таъмин намояд.

 

10.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

М.Убайдуллоев

Ҷ А Д В А Л И

баргузории вохўриву чорабиниҳо бо маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанї дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе