Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 May 2012

Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №236  аз 03.05.2012

 

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Н.Қарабоев (аз буриши кӯчаи Ҷомӣ то буриши кӯчаҳои Қосимов ва Ҷанубӣ) ва кӯчаи Фирдавсӣ (аз буриши кӯчаи Қосимов то роҳи соҳилии дарёи Душанбе), бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонии гузаргоҳи зеризаминӣ, дар кӯчаи Н.Қарабоев

 

 Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт  дар кӯчаҳои Н.Қарабоев, Ҷомӣ ва Фирдавсӣ, бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонии  гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Н. Қарабоев, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.Бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонии марбут ба бунёди гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Н.Қарабоев аз 5 майи соли 2012 то 27 августи соли 2012 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи мазкур (аз буриши  кӯчаи Ҷомӣ то буриши кӯчаҳои Ҷанубию Қосимов) ва кӯчаи Фирдавсӣ (аз буриши кӯчаи Қосимов то роҳи соҳилии дарёи Душанбе) тибқи нақшаи мувофиқашудаи замимагардида, манъ карда шавад.

2.Дар робита бо муқаррароти банди  1-уми Қарори мазкур Муасси-саи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Шералиев А.Б.), шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Тӯрахонов С.Ч.) ва Раёсати хадамоти  давлатии  назорат  ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Каримов Ф.А.) самти ҳаракати нақлиёти мусофирбариро тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ, Қосимов, Ҷомӣ ва роҳи соҳили дарёи Душанбе муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар таѓйирот ворид намоянд.

3. Аз субъектҳои хоҷагидоре, ки дар ҳудуди иншооти сохташаванда ва ҳамшафати он фаъолият менамоянд, хатҳои муҳандисии кӯчонидашаванда, ки дар тавозунашон мебошанд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли мушкилоти марбут ба кӯчонидани хатҳои муҳандисии мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

4. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси  васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Таваров Р.Ҳ. ва Оев А.М. гузошта шавад.

                                                                                                   М.УБАЙДУЛЛОЕВ