«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 June 2011

 

Дар бораи ба роҳ мондани системаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, безараргардонӣ ва коркарди лампаҳои люминессентӣ ва симобдори аз истифода баромада дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар доираи меъёрҳои санитариву экологӣ ба роҳ мондани ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, безараргардонӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои люминессентӣ ва дигар лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифода баромада, таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №97 аз 3 марти соли 2011 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, сохторҳои навтаъсиси ноҳиявӣ оид ба ҷамъоварӣ ва интиқоли партовҳои сахти маишӣ, Маркази татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» фаъолияти худро ҷиҳати ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, безараргардонӣ ва коркарди лампаҳои люминессентӣ, дигар лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифода баромада дар асоси «Қоидаҳои ҷамъоварии лампаҳои аз истифода баромадаи симобдор аз аҳолӣ, шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ташкили нигоҳдорӣ, интиқол ва безараргардонии онҳо», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №97 аз 3 марти соли 2011 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда, то 10 июли соли 2011:

- нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасрафи барқии люминессентӣ ва дигар лампаҳои симобдори аз истифода баромадаи аҳолиро ташкил намоянд;

- ҷиҳати аз аҳолӣ қабул намудани лампаҳои каммасрафи барқии люминессентӣ ва дигар лампаҳои симобдори аз истифода баромада ва дар зарфҳои махсус ва ҷойҳои муваққатии нуқтаҳои қабул нигоҳ доштани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд;

- иҷрои корҳоро баҳри ба ҳисоб гирифтани лампаҳои каммасрафи барқии люминессентӣ ва дигар лампаҳои симобдори аз истифода баромада, огоҳонидани аҳолӣ оид ба тартиби ҷамъоварии онҳо таъмин намоянд;

- оид ба истифодаи бехатар, ҷамъоварӣ ва безараргардонии лампаҳои каммасрафи барқии люминессентӣ ва дигар лампаҳои симобдори аз истифода баромада байни аҳолӣ корҳои мақсадноки ташкилию тарғиботиро анҷом диҳанд;

- бо мақсади ташкили нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасрафи барқии люминессентӣ ва дигар лампаҳои симобдори аз истифода баромада, ҷиҳати харид намудани таҷҳизоти зарурӣ барои интиқоли онҳо, ташкили корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар буҷетҳои маҳаллии ноҳиявӣ сметаи хароҷотро пешбинӣ намоянд.

2.Ба инобат гирифта шавад, ки мутобиқ ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №186 аз 1 апрели соли 2010 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безарар гардонидани партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе» масъалаи дар ҳудуди партовгоҳи шаҳрӣ ташкил намудани нуқтаи махсусгардонидашудаи демеркуризатсионӣ  барои нигоҳдорӣ, безараргардонӣ ва коркарди минбаъдаи партовҳои хатарнок, аз ҷумла партовҳое, ки дар таркибашон симоб мавҷуд мебошад (лампаҳои люминисентӣ, таҷҳизоту лампаҳои каммасрафи симобӣ), ба ўҳдаи Муассисаи давлатии Маркази татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» вогузор карда шудааст.

3.Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе иҷрои муқаррароти Қарори мазкур ва риояи ҳатмии «Қоидаҳои ҷамъоварии лампаҳои аз истифода баромадаи симобдор аз аҳолӣ, шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ташкили нигоҳдорӣ, интиқол ва безараргардонии онҳо»-ро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, аз рафти иҷрои он ҳармоҳа ба Раиси шаҳри Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

4.Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намуда, барои дарҷ намудани «Қоидаҳои ҷамъоварии лампаҳои аз истифода баромадаи симобдор аз аҳолӣ, шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ташкили нигоҳдорӣ, интиқол ва безараргардонии онҳо» ва «Тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безарар гардонидани партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе» дар воситаҳои ахбори чопию электронӣ чораҳои зарурӣ андешад.

5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ