Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 May 2012

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №241 аз 3 майи соли 2012 «Дар бораи баргузории тендер»

ҷиҳати интихоби пудратчии иншооти:

«Ободонии оромгоҳи 28 нафар хизматчиёни ҳарбие, ки дар ноҳияи Тавилдара баҳри барқарор намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 ҳалок гардидаанд»

 

ТЕНДЕР ТАРИҚИ ИШТИРОКИ НОМАҲДУД

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷии тахассуси сохтмонӣ дошта иштирок карда метавонанд.

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1.    Дархост ҷиҳати иштирок дар тендер (то 25 майи  соли 2012);

2.    Пешниҳоди тендерӣ;

3.    Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда (низомнома ё оиннома);

4.    Иҷозатнома (литсензия) барои иҷрои корҳои сохтмонӣ;

5.    Гувоҳномаи Нозироти андоз ва гувоҳномаи Фонди ҳифзи иҷтимоӣ;

6.    Маълумотнома оид ба ҳаҷми корҳои иҷрошудаи сохтмонӣ  дар 2-3 соли охир;

7.    Маълумотнома оид ба базаи моддӣ-техникии корхона;

8.    Таъминоти пешниҳоди тендерӣ дар ҳаҷми 1% аз арзиши умумии пешниҳодӣ тендерӣ (кафолати бонкӣ);

9.    Харҷномаи иншоот тибқи тартиби муайянгардида;

10.                       Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тедер.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ довталабон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», бо суроғаи: шаҳри Душанбе, хёбони Рӯдакӣ 48«а», бо телефонҳои:    221-02-32, 221-06-16, 221-03-80 муроҷиат намоянд.

Рӯзи гузаронидани тендер 29 майи соли 2012 соати 1600.

Макони баргузории тендер: толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 48.

Эзоҳ: мӯҳлати ниҳоии қабули пешниҳодоти тендерӣ то соати 1600 – и 28 майи соли 2012.