Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 May 2012

7 майи соли 2012 дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони субъектҳои истеҳсолӣ ва сохтмонии дар марзи шаҳр фаъолияткунанда, фаъолони пойтахт, сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ ва  масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур маротибаи навбатӣ баҳри иҷрои вазифаҳои барномавии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз Паёми Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Сарвари давлат 20 апрели соли равон баргузоргардида бармеоянд, пеш аз ҳама баҳри ташкили ҷойҳои нави корӣ дар заминаи  мусоидати рӯзмарра ба рушди соҳибкории хурду миёна, ба хусус истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатию хизматрасонӣ, самарнок истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ва баланд бардоштани сифату  сатҳи хизматрасониҳо ва фарҳанги шаҳрнишинӣ мебошанд, бахшида шуд.

Қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев вобаста ба мавзӯи баррасишаванда бо таҳлили натиҷаҳои омории саҳмгирии бахши саноати истеҳсолии шаҳр дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳолати мавҷударо бо дарназардошти иқтидорҳои воқеии истеҳсолӣ барои қонеъ гардонидани бозори дохилӣ ва сафарбарсозии он ба бозори беруна ѓайриқаноатбахш арзёбӣ карда, фаъолияти ҶСП «Гулистон»-ро  бо инобати роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нагаронидашуда шоистаи ибрат ва таҳсин маънидод кард.

Зимнан баҳри вусъат бахшидан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фаъолияти самарабахши корхонаҳои саноатӣ, ҳавасмандгардонии онҳо бобати пурмаҳсул истифодабарии иқтидорҳои мавҷуда, роҳандозии истифодаи технологияҳои муосири истеҳсолӣ  дастур дод, ки шурӯъ аз соли ҷорӣ дар радифи дигар озмунҳои касбии шаҳрдорӣ бо таҳияи шартҳои мушаххас озмуни шаҳрии «Беҳтарин  субъекти ҷойҳои нави кории ба талаботи муосир мутобиқ таъсисдодаи сол» бо муқаррар намудани як квартираи дуҳуҷрагӣ ба ѓолиби озмун ҳамасола доир карда шавад.

Дар ин равобит баҳри дастгирии соҳибкорӣ масъалаи мудохилаву санҷишҳои ѓайриқонуниро аз ҷониби мақомоти марбута қатъиян маҳкум намуда, нисбати пешбурди мониторинги фаъолияти шаффофи роҳбарони субъектҳои истеҳсолӣ вобаста дар кадом сатҳ иҷро  намудани супориши Роҳбари давлат оид ба самаранок истифодабарии ҷойҳои кории мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташкили шароитҳои арзандаи корӣ ба кормандон, роҳандозии истифодаи технологияҳои муосири истеҳсолӣ масъулини сохторҳои марбутаро вазифадор сохт, ки дар мӯҳлати як моҳ механизми  ҳармоҳа пешниҳодоти ҳатмии ҳисоботи омориро дар сатҳи шаҳр дар мувофиқа бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияву ҷорӣ намоянд.

Ҳамзамон муқаррар намуд, ки ин раванд ҳар моҳ бо ширкати роҳбарони субъектҳои хоҷагидории истеҳсолӣ дар сатҳи Раиси шаҳри Душанбе ва ҳафтае як маротиба дар сатҳи раисони ноҳияҳо бо иштироки муовинони вобастаи Раиси шаҳр натиҷагирӣ карда шавад.

Инчунин зикр сохт, ки баҳри дастрасии шаҳрвандон – мутахассисони ватанӣ  ба ҷойи кор дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва сохтмонии шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарони корхонаҳо тамоми тадбирҳо ҳамчун иқдом ва самти фаъолияти  аввалиндараҷа мавриди амал қарор дода шавад. Дар ин росто комиссияи марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  муваззаф гардид, ки дар мӯҳлати ду ҳафта ҳолати бо кор фаро будани шаҳрвандони хориҷиро дар субъектҳои зикргардидаи дар марзи шаҳр фаъолияткунандаро дар ҳолате, ки сокинони шаҳр бо дороии тахассус ниёзманди чунин ҷойҳои корӣ мебошанд, дақиқ намуда, чораҳои таъхирнопазир андешад.

Дар ҷаласа бо дахли дигар масоили ҳаёти хоҷагидории шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев вазъи хизматрасониҳоро дар нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ нигаронкунанда ва ѓариқаноатбахш арзёбӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе А. Оев ва сардори шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РКД –и шаҳри Душанбе С.Тӯрахонов  як моҳ мӯҳлат муқаррар намуда, назорати марбутаро ба зиммаи сардори  РКД –и шаҳри Душанбе полковник А. Бузмаков вогузор сохт.

Дар робита ба тақвияти тадбирҳо оид ба баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ, ҳифзи моликияти ҷамъиятию мақсаднок истифодабарии онҳо, беҳдошти вазъи санитарию экологӣ дар шаҳр ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа карда, зикр намуд, ки бо идома ва илова ба шароитҳои фароҳамоварда баҳри дастрасии сокинон ба рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар маводи воситаҳои чопӣ дӯконҳои  гузаргоҳҳои зеризаминии тозабунёди назди «Олами китоб» ва КВД Меҳмонсаройи «Пойтахт» ба рӯзномаҳои «Вечерний Душанбе», «Вечёрка»,  «Озодагон», «Фараж», «СССР», «Тоҷикистон» ва «Азия-Плюс» ба иҷора супорида шуданд ва то охири сол боз дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо 24 адад марказҳои дуошёнаи барои фурӯши маводи ѓизоҳои моддиву маънавӣ, аз ҷумла рӯзномау маҷаллаҳо ва пешниҳоди дигар намуди хизматрасониҳо тахассусдошта аз ҳисоби буҷети шаҳр сохта, ба истифода дода мешаванд.