Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 February 2010

 Бо мақсади амалӣ намудани таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе ва беҳбуд бахшидани ҳолати техникии онҳо тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №22 аз 3 феврали соли 2010 «Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар кӯчаҳои пойтахт бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмири асосии роҳҳо» дар кӯчаҳои зерин муваққатан ҳаракати нақлиёт манъ карда мешавад.

 - қисмати шарқии роҳи автомобилгарди кӯчаи Н.Қарабоев (аз хиёбони С.Шерозӣ то бурриши кӯчаи Абай ва аз бурриши кӯчаи Деҳотӣ то бурриши кӯчаи Ҷомӣ) самти ҳаракат ба самти кӯчаҳои Р.Набиев, Борбад, Шестопавлов, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Деҳотӣ, Абай ва Қаҳҳоров аз 5 феврал то 30 июни соли 2010;

- кӯчаи Сино (аз бурриши кӯчаи Карамов то ҳалқаи хиёбони И.Сомонӣ) самти ҳаракат ба самти кӯчаи Карамов ва хиёбони И.Сомонӣ аз 5 феврал то 1 майи соли 2010;
 
- кӯчаи Шотемур (аз бурриши хиёбони Рӯдакӣ то ҳалқаи кӯчаи Дӯстии Халқҳо)» самти ҳаракат ба самти кӯчаҳои М.Турсунзода, Бохтар, Ш.Руставелӣ, Ф.Ниёзӣ, Пушкин, Дӯстии халқҳо, Лоҳути, Телман, Меҳнат, Захматобод, Бухоро аз 5 феврал то 25 апрели соли 2010.
 
Маврид ба зикр аст, ки таъмири асосии қисмати шарқии роҳи автомобилгарди кӯчаи Н.Қарабоев (аз хиёбони С.Шерозӣ то бурриши кӯчаи Абай ва аз бурриши кӯчаи Деҳотӣ то бурриши кӯчаи Ҷомӣ) 2,84 км аз ҷониби Кооперативи истеҳсолии «Роҳсоз» ба маблағи 4305,2 ҳазор сомонӣ, таъмири асосии кӯчаи Сино (аз бурриши кӯчаи Карамов то ҳалқаи хиёбони И.Сомонӣ) 1,3 км аз ҷониби ҶДММ «Идеал-Сервис» ба маблағи 4754,4 ҳазор сомонӣ ва таъмири асосии кӯчаи Шотемур (аз бурриши хиёбони Рӯдакӣ то ҳалқаи кӯчаи Дӯстии Халқҳо)» 1,23 км аз ҷониби ҶДММ «Компания роҳсоз-7» ба маблағи 3901,95 ҳазор сомонӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида анҷом дода мешавад.
 
Зимнан, шаҳрдорӣ аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва истифодабарандагони он хоҳиш менамояд, ки ҳангоми таъмири роҳҳо дар кӯчаҳои номбурда аз роҳҳои ҳамшафати он истифода бурда, нисбати амалкарди мазкур, ки барои ободонии роҳҳо нигаронида шудааст бо ҳусни тафоҳум муносибат намоянд.

 Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе