Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 May 2012


Дар бораи баргузории «Рӯзи дави миллӣ» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он

 

          Бо мақсади ташвиқу тарѓиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш ва дар сатҳи баланди касбиву ташкилӣ баргузор намудани Дави миллӣ, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №225 аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

                              

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М :

 1.          Ба инобат гирифта шавад, ки  ҳамасола дар шаҳри Душанбе Рӯзи дави миллии сатҳи шаҳрӣ мувофиқ ба хатти дави муайяншуда, якшанбеи ҳафтаи сеюми моҳи май, соати  9 00 гузаронида мешавад (замимаи 1).

2.          Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузории Рӯзи дави миллии сатҳи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ (замимаи 2) тасдиқ карда шавад.

3.          Муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии зикргардида тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4.          Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои таъмини оммавияти бештари варзиш ва ҷалби сокинон ба солимгардонӣ дар масофаи 3 км. мусобиқаи давро тибқи замимаи 3 байни наврасон, ҷавондухтарону занони касбу кори гуногун ва калонсолони қобилияти дар масофаи мазкур давидандоштаро тибқи хатсайрҳои зерин:

- ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе дар самти хиёбони Рӯдакӣ аз гузаргоҳи назди бинои Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон то майдони «Дустӣ»;

- ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар қисмати ҷанубии кӯчаи Карамов, аз самти буриши кӯчаи А.Навоӣ то Муассисаи давлатии «Боѓи пойтахт»;

- ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз майдони 800-солагии Москва тавассути гузаргоҳи кӯчаи М. Турсунзода, буриши кӯчаи Ҳусейнзода, буриши кӯчаи Адҳамов, кӯчаи Н. Муҳаммад то майдони 800 - солагии Москва; 

- ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар қисмати хиёбони Неъмат Қарабоев, аз самти буриши кӯчаи Ҷомӣ то буриши кӯчаи Мушфиқӣ, ташкил намоянд.

5.          Аз роҳбарони мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаю ташкилотҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолиятдошта ва сокинони шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар чорабиниҳои мазкур фаъолона иштирок намоянд.

6.          Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокчиёнро таъмин намуда, ҳамзамон рӯзи баргузории Дави миллӣ тавассути эълони қаблӣ ҳаракати нақлиётро дар самти собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» (хиёбони Ҳ. Шерозӣ) аз соати 9:00 то соати 11:00 ва дар хатсайрҳои ташкилгардидаи ноҳияҳои шаҳр дар масофаи 3 км аз соати 8 00 то 8 45 муваққатан манъ намоянд. 

7.          Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ  бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе тавассути ҷалби соҳибкорон ва сарпарастон ҷиҳати таъмини лавозимотҳои варзишӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

8.  Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма таъмин намояд

9.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

                                                                                                                                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ