Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 May 2012

 

 

Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба беҳтар

ба  роҳ  мондани қабули шаҳрвандон аз ҷониби

роҳбарияти  шаҳри   Душанбе   ва  ноҳияҳои он

 

Бо  мақсади ба роҳ  мондани қабули шаҳрвандон ва ҳаллу  фасли саривақтии  муроҷиати  сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, бо инобати дархостҳои аҳли  ҷамоатчигии шаҳр дар  ҷаласаи  машваратию назоратии Раиси шаҳри Душанбе  аз 25 апрели соли 2012 мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»  ва моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон»

 

Қарор мекунам:

 

         1.Ҷадвали замимагардидаи қабули кушоди шаҳрвандон аз  ҷониби  роҳбарияти шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳои он дар  шаҳраку  маҳаллаҳои шаҳр тасдиқ карда шавад.

         2. Қабули  кушоди  шаҳрвандон дар ҳудуди шаҳраку  маҳаллаҳои шаҳри Душанбе тибқи ҷадвали бо банди  якуми  ҳамин  Қарор  тасдиқшуда ҳар ҳафта таҳти  сарварии  муовинони ба ноҳияҳои шаҳр вобастабудаи Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои шаҳр, бо иштироки мудирони шӯъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои  хизматрасонию  коммуналии шаҳр баргузор  карда  мешавад.

3. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи  Раиси шаҳри  Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои ҳамин Қарор ба  зиммаи Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ӯлмасов Ф.У. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ