Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 May 2012

Дар бораи «Даҳ Рӯзи ҷавонони шаҳри Душанбе» ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 

     Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ, дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ  ва илмиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, бо дарназардошти ичрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №591 аз 31 декабри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012», мутобиқ ба талаботи моддаи 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

                                        

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

 

1. Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  аз 14 то 23 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе  «Даҳ Рӯзи ҷавонони шаҳри Душанбе» эълон карда  шавад.

2.Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, оммавию варзишии сатҳи ноҳиявӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон бо таҳияву тасдиқи нақшаҳои алоҳида чораҳои зарурӣ андешанд.     

4. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намояд.  

5. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма ба роҳ монад.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ